Раиси ҷумҳур: “Аз хешутаборбозӣ даст кашеду афроди шоистаро ба кор гиред”
Ҳасан Руҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон аз раҳбарони шаҳру вилоятҳои кишвараш хост, аз хешутаборбозию қавмгароӣ даст кашанду афроди шоистаро ба кор гиранд.
Ӯ дар як суханронии худ рӯзи 7 август, гуфтааст, кишварро дигар бо роҳи хешутаборбозӣ, фасодкорӣ, ҷиноҳбозӣ, ҳизббозию тоифагароӣ намешавад пеш бурду бояд муттаҳид шуд ва корҳоро ба афроде вогузор кард, ки шоистаи онанд. Рӯҳонӣ аз раҳбарони шаҳру навоҳии Эрон даъват кардааст, зери таъсири ҳеч ҳизбу ҷиноҳ қарор нагиранду ҳар кас лоиқи мақому вазифа аст, ба кор даъват кунанд.
“Ҳангоми ҷалб намудан ба кор набояд зану мард, мазҳаб ва тоифа авлавият дошта бошад”,-изҳор доштааст ӯ.
Ҳасан Руҳонӣ дар идома бори дигар бо як лаҳни тунд аз ҳукуматдории Маҳмуд Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури пешини ин кишвар норозигӣ карда, масъулини он вақтро барои азхудкунии пули мардуму давлат ва беақлӣ муттаҳам кард. Ӯ мегӯяд, "дар давлати қаблӣ таҳти шиори давр задани таҳримҳо нафтро ба иддае доданд, бурданду хӯрданд ва мардуми Эронро давр заданд.”
Руҳонӣ бо зикри ин нукта, ки бархеҳо барои рӯпуш кардани расвокориҳои он вақт бозиҳоеро ба миён меоранд, афзудааст: “Қасди даъво бо касеро надорем, аммо мардум бояд бидонад, ки дар солҳои пешин чӣ корҳое алайҳи онҳо кардаанд.”
Ба гуфтаи Ҳасан Руҳонӣ, омили аслии гирифтор шудани Эрон ба таҳримҳои Ғарб беақлии ҳукуматдорони он вақти кишвараш мебошад: “Меӯянд, чӣ дорад он кас, ки ақл надорад ва чӣ надорад, он кас, ки ақл дорад? Бо беақлиҳо коре карданд, ки онҳо биёянду нафти моро таҳрим кунанд.” Ин изҳороти тунди Руҳонӣ дар ҳолест, ки ӯ чанд моҳи қабл низ давраи ҳукуматдории Маҳмуд Аҳмадинажодро зери тозиёнаи танқид қарор дода, гуфта буд, “бархеҳо таҳти шиори мубориза бо абарқудратҳо даст ба ҷайби мардум заданду пулу моли онҳоро ғорат карданд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |