Фаъол шудани торнамои Раёсати умури дохилии Душанбе
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе торнамои расмияшро фаъол кардааст, ки охирин хабарҳои ҷиноиро дарбар мегирад. Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, гуфт, сомонаи онҳо як моҳ пеш ба қайд гирифта шуда, тӯли ду ҳафта боз фаъол аст.
Дар ин торнамо гӯшаи хабарҳо, қонунҳо, фармонҳои президент, қарорҳои ҳукумат, фармонҳои вазири умури дохилӣ, конфронсҳо, корҳои илмӣ ва гиромидошти кормадони ВКД, ки ҳангоми кор фавтидаанд, низ ташкил шудаанд. Оқои Ҷӯрахонов гуфт, тамоми ҳодисаҳое, ки дар Душанбе рух медиҳанд, саривақт дар сомонаи онҳо пӯшиш ёфта, аз натиҷаи тафтишу таҳқиқи корҳои ҷиноӣ низ сокинонро огоҳ хоҳанд кард.
“Айни ҳол бахши тоҷикии сомона фаъол буда, дар рӯзҳои наздик бахши русӣ низ боз мешавад. Тамоми сокинони шаҳр метавонанд дархосту пешниҳодҳо, шикоятҳо ва ё ҳодисаҳои рухдодаро аз тариқи ин торнамо ба мо фиристанд”,-афзуд Саид Ҷӯрахонов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |