Убайдуллоев Sheraton ва бозори 40 млн. доллариро мекушояд
Дар арафаи таҷлил аз 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҷашни 90-солагии пойтахти он дар шаҳри Душанбе меҳмонсарои 5-ситорагӣ бо номи “Шератон” ифтитоҳ мешавад.
Меҳмонсарои “Шератон” марбут ба ширкати маъруфи амрикоии “Starwood” мебошаду дар кӯчаи Айнии Душанбе сохта шудааст. Он дорои 148 ҳуҷра буда, масоҳати умумияш 24,4 ҳазор метри мураббаъ аст. Ширкати Starwood дорои беш аз 1100 меҳмонхонаю истироҳатгоҳ дар ҳудуди 100 кишвари ҷаҳон аст, ки қариб нисфашон зери тамғаи “Шератон” кор мекунанд.
Ин ширкат бозори меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро "рушдёбанда ва ояндадор" хонда, таъкид намуда буд, ки дар меҳмонхонааш дар Душанбе чун дар дигар меҳмонхонаҳои “Шератон” беҳтарин хидматрасониро ҷорӣ мекунад.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бахшида ба 90-солагии пойтахт, дар баробари меҳмонсарои “Шератон” чанд бинои дигар, аз ҷумла як бинои истиқоматии 12-ошёна, 11 бинои 9-ошёна, ҳашт бинои 5-ошёна ва Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90” дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо 194 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 40 миллион доллар, бунёд шудааст. Бинои асосии иншоот иборат аз се ошёна буда, инчунин, дар назди он як бинои якошёнаи дигари тобистона сохта мешавад, ки барои маҳсулоти тару тозаи тобистона, яъне савдои беруна нигаронда шудааст. Дар назди бино таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав ва боркаш низ ба истифода дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |