Изҳороти Нурии хурдӣ: "Иншоаллоҳ, Роғунро месозем!"
Бо вуҷуди он ки Рустам Абдуллоев, академики узбакистонӣ, рӯзи 7 август бо пахши баёнияе даъвати бомбаборони нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ӯро рад кард, ҳанӯз мавҷи вокунишҳо нисбат ба ин пешниҳод ва шахсияташ кам нагардидааст. Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ гуфтааст, Маҷлиси Намояндагонро зарур аст, ин мавзӯъро ҷиддӣ гирифта, академики узбакро “персона нон грата” эълон кунад.
Нурии хурдӣ аз вокунишҳои расонаҳо, чеҳраҳои шинохта ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди бомбаборони Роғун истиқбол кард. “Ҳарфҳое, ки аз номи академики узбак гуфта шуданд, нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон муттаҳиданд. Ҳар сухан ё амале, ки истиқлолият, мустақилияти марзӣ ва манофеи миллии моро ба хатар мувоҷеҳ мекунад, сабаби иттиҳоди мо мегардад”,-афзуд ӯ.
Ҷаноби Нурӣ дар идома гуфт, ин ҳарфҳо бояд моро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳарчи бештар ҷалб намояд: “Ҳадафи мо бунёди ин нерӯгоҳ аст ва, иншоаллоҳ, онро хоҳем сохт”.
Пешниҳоди Муҳаммадҷони Нурӣ дар ҳолест, ки ахиран Рустам Абдуллоев тааллуқ доштани матлаби “Сетразия.ру” дар мавриди бомбаборон кардани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистон ба қалами ӯро рад карда, онро иғвои гуруҳҳои манфиатдор хонд. Ӯ бо нашри баёнияи кӯтоҳе гуфтааст, “ҳаргиз пешниҳоди бомбаборон кардани Роғунро накардаам ва намекунам. Намедонам, ин кори дасти кӣ аст, аммо медонам, мехоҳанд иғво ангезанд. Ман ягон вақт зидди мардуми Тоҷикистон ва манфиатҳои он чизе нагуфтаам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |