АКС: Боздиди Раҳмон аз пойгоҳи "Алфа" ва суҳбат бо амниятиҳо
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ҳайати воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз омодагии сахти артиши кишвар ва муҷаҳҳаз будани он бо техникаҳои ҳарбӣ барои ҳифзу амнияти мардуми осоиштаи худ хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пешин дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, пуриқтидор ва обутобёфта мебошад.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид кардааст, артиши кишвар барои ҳифзи истиқлоли давлатии ватан ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми худ ҳамеша омодагии қавӣ доранд. “Тавре аён гардид, ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар амалиётҳои озод намудани гаравгонон бо роҳи ҳуҷуми ногаҳонии ғофилгир, бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба ошёнаҳои болоии биноҳои бисёрқабата, истифода аз техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ малакаи баланди касбӣ доранд”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи мулоқоти рӯбарӯи худ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи ин ниҳод боздид намуд. Ӯ бо рафти дарсу машғулиятҳои назариявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ шинос шуда, барои баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи касбӣ ва обутоби ҷисмонию руҳии онҳо ба масъулин дастур додааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 7 август бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии кишвар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дод. Бар асоси иттилои манбаи мо, оқои Раҳмон дар ин мулоқоташ аз амниятиҳо хостааст, дар самти мубориза алайҳи терроризм ва дигар ҷиноятҳо муборизаро пурзӯр намоянд.
Аз ин пештар, 10 июли соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Досдитонии кулли Тоҷикистон иштироку суханронӣ карда, дар баробари пешрафтҳо аз камбуди онҳо низ сухан гуфт. Оқои Раҳмон аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард ва гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.
Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |