Талаби муҷозоти Боқир-уулу барои пора кардани парчами Исроил

Эли Тасман – сафири Исроил дар Бишкек ва Остона бо ирсоли номаи эътирозӣ аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон муҷозоти Турсунбой Боқир уулу – намояндаи мардумии ин кишварро талаб кардааст.
Дар номаи сафорати Исроил ба ВУХ-и Қирғизистон аз ҷумла омадааст, “ин бори аввал нест, Турсунбой Боқир уулу рамзҳои Исроилро таҳқир мекунад, ӯ 5 соли пеш низ парчами кишвари моро оташ зада буд, аз ин рӯ, аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашидани ин вакили парлумони кишварашро қотеона талаб дорем.”
Турсунбой Боқир уулу рӯзи 4 август бо баргузории нишасти хабарӣ дар Бишкек аз таъсиси як кумисюн барои ҳимоят аз Фаластин хабар дода, дар эътиоз ба ҳамлаҳои хунини Исроил ба навори Ғазза парчами ин кишварро пора-пора карда буду аз аъзои ин кумисюн амали мазкурро талаб кард.
Вай ёдоварӣ кард, ки давлати Исроил соли 1947 чӣ гуна бо қарори Ассамбелеяи генералии Созмони Милал дар қаламрави Фаластин таъсис ёфтааст. “Аз ҳамон вақт ба ин сӯ мухолифатҳо идома доранд. Исроил барои озодии худ заминҳои Фаластинро ишғол мекунад. Ҷанги ҳозира аз он сар зад, ки се ҷавони исроилӣ кушта шуданд, ҳарчанд касе онро дақиқ накардааст. Аз барои ҳамин се ҷавон ҳоло 1 ҳазору 800 нафар кушта шудаанд. Мумкин аст, онҳо худашон ин корро карда бошанд. Ёд доред, Ҷанги Дувуми Ҷаҳон чӣ гуна сар шуда буд?”,-изҳор дошт Турсунбой Боқир-уулу.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |