МК: Муҳоҷири тоҷик аз тири корфармояш кушта шудааст
Як соҳибкор дар Русия аз милтиқи шикорӣ муҳоҷири 23-солаи тоҷикро паррондааст. Торнамои “Московский комсомолец” аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Норов ном бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, куштор рӯзи чоршанбе (6 август) дар кӯчаи Амур, дар минтақаи саноатии шимоли Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. Юлия Иванова, намояндаи расмии Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав ба “Московский комсомолец” гуфтааст, “ба фарзияи тафтишот дар ҷараёни низои хусусӣ сокини 39-солаи маҳаллӣ ҷониби ҷавон чанд тир холӣ кардааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”. Як фарзия ин аст, ки аз ҷониби муҳоҷир талаб кардани пул барои корҳои анҷомдодааш, соҳибкорро хашмгин кардааст. Шоҳидони воқеа аз соҳибкоре, ки муҳоҷири тоҷикро паррондааст Виктор Василевич ном бурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |