Боздошти Поповаи 53-сола барои ташкил кардани фоҳишахона
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони милиса бо иттиҳоми ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона як сокини 53-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт кардаанд.
Ба иттилои торнамои ин ниҳод, Нурия Попова “хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: П.Д., соли таваллудаш 1990, сокини ш.Душанбе ва П.Х., соли таваллудаш 1988, сокини ш.Турсунзода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ гирифтааст”.
Баъд аз амри Раҳимзода Рамазон, вазири умури дохилӣ дар мавриди “дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузоштани шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир мешаванд”, вазорат аз ошкор шудани ҳолатҳои зиёди даллагӣ, танфурӯшӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо хабар медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |