Бахшҳо

Таронаи тоҷикии Ҷӯрабек Муродов дар маҳфили падари Энрики Иглессиас

Ҷои хабари “ҳоҷибибӣ” шудани Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро ҳоло бо даъвати Ҳулио Иглессиас (падари Энрики Иглессиас) ба Испания рафтани Ҷӯрабек Муродов гирифтааст.

Бино ба иттилои наздикони ин хонандаи номдори тоҷик, ӯ 31 июл ба шаҳри Малага сафар кард. Аммо танҳо не, ҳамроҳи ҳамсараш Мушаррафа. Ба қавли Ҷонибек, писари ҷаноби Муродов, падараш ҳанӯз се сол пеш бо Ҳулио Иглессиас ошно шудааст. Ин шиносоӣ дар Ню-Йорки Амрико дар манзили дӯстонашон иттифоқ афтодааст.

Ҷӯрабеку завҷааш дар шабнишиние, ки Иглессиас оростааст, ширкат кардаанд ва вай бо забони тоҷикӣ тарона хондааст. Дар интернет аллакай чанд акс аз ин шабнишинӣ нашр шудааст. Дар яке аз онҳо Ҷӯрабек бо Ҳулио дида мешаванд.

Ҷӯрабек Муродов аз чеҳраҳои шинохтаи санъати сарояндагии тоҷик аст. Таронаҳои мардумӣ мехонад. Дар иҷро кардани шашмақом ҳам истеъдод дорад. Дар эстрада ҳам худро санҷидааст. Чунин таронаҳоро аслан бо писараш-Ҷонибек иҷро мекунад. Теъдоди сурудҳои муштараки онҳо аз панҷто зиёданд, аз ҷумла таронаи маъруфаш – “Зулайхо”-ро ҳамроҳ хондаанд.

Дар кишварҳои хориҷ ҳам зиёд эҳтиромаш мекунанд. Даъвати Ҳулио Иглессиас далели ин гуфтаҳост. Ду сол қабл дар Душанбе аз 70-солагии зодрӯзаш таҷлил кард ва он ситораборон шуд. Чеҳраҳои шинохтаи Русия, бо шумули Иосиф Кобзон ба табрики ӯ омаданд.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнии вилояти Суғд (Ленинободи собиқ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактбаи миёна ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод шомил шуда, соли 1962 соҳиби дипломи олӣ гардидааст. Соли 1963 фаъолияти эҷодиашро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, дар жанри классикӣ суруду оҳанг эҷод менамояд. Соли 1979 ба гирифтани унвони баланд-Ҳунарпешаи мардумии СССР шарфёб гардида, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд роҳбарии ансамбли шашмақомхонони вилояти Суғдро ба ӯҳда дорад.

Эҷодиёти Ҷӯрабекро таронаҳо бо забони афғонӣ, арабӣ, русӣ, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, қирғизӣ ва ҳато ҷопонӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди таронаҳои Ҷӯрабек Муродов кайҳост, ки марзи 1000-ро гузаштааст. Соли 1975 бо мукофоти комсомолии ленинии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Шӯравӣ (1974), ҳунарманди мардумии СССР (1974) мебошад. Вай шаҳрванди ифтихории шаҳрҳои Самарқанд (1980), Бухоро (1980) ва Нурато (1982) мебошад. Соли 1987 ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҳамон сол 1987 ҷоизадори нишони тиллои Анҷумани мусиқии Ҷопон шуд.

Вай дар ҳайати гурӯҳҳои консертии мухталиф ба кишварҳои мухталифи дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Барои мисол Афғонистон (солҳои 1966, 1979, 1982), Канада (1967), Булғористон (1968), Белгия (1969), Эрон (1972, 1996), Ҳиндустон (1976, 1985), Покистон (1976, 1985), Сурия (1977), Ироқ (1977), Австрия (1975, 1990, 1993), Ливан (1973), Италия, Малта, Кипр, Миср (1973), Ҷопон (1982, 1987), Тайланд (1986), ИМА (1989, 1991, 1993, 1995), Исроил (1993), Туркия (1995), Аморати муттаҳидаи Араб (1997) ва ғайра.

3 декабри соли 2011 дар маросими тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awardsи Амрико Ҷӯрабек Муродов “Чеҳраи мондагор” эътироф гардид.

Ширкати “JM” ба хотири 70 солагии мавлуд ва 50 солагии фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродов сомонаи расмии ӯро роҳандозӣ кард. Ин торнамо аз ҳафт бахш- асосӣ, хизматрасонӣ, галерея, дар бораи мо, иртибот, шашмақом ва Фонди Ҷӯрабек Муродов иборат буда, дар он аксу видеоҳое ҷойгиранд, ки дар солҳои мухталиф гирифта шудаанд. Торнамои Ҷӯрабек Муродов бо забонҳои русӣ ва англисӣ фаъол буда, бахши забони тоҷикии он дар коркард будааст.
Мӯҳр
Бародарон
Устод Чурабек, вокеан хам номбардори миллат ва яке аз бехтарин сарояндаи сурудхои милли.

Мухаммад
Хулио Иглессиас ва Чурабек чи метавонад инхоро пайванд кунад факат ва факат яхудият чизи дигаре нест.

Чурабек Муродови азиз 70 чи 700 сола шавед!!!

Курбони Шумо устоди устодон, овозатон хаста нашавад,.

Курбони Шумо устоди гироми кадр, овозатон хаста нашавад.

.
Э лекин шумо хам тема ефтед. Агар Иглесиас ба Душанбе ба зодрузи муродов меомад, дигар гап буд. Магар айб нест, ки Муродов бо оне ки ба зодрузи Иглесиас даъват шудааст (шояд пул дода даъват шудааст), ба худ обру гирифтани аст?

Domullo
in mardak nekim oshish shava, xela sherkhoniqati kaif karda zamonara gasht-da.

Замини сахти КУхИСТОН Дили нармам ато кардаааст.. кам нашавад Устод....

Вайс
Ман ба Хукумати ЧТ пешниход дорам, ки устод Чурабек Муродов сафири Точикистон дар Узбекистон ё вазири корхои хоричии ЧТ таъин карда шавад. Обруи устод дар сатхи байналмилал ба у имконият медихад, манфиатхои Точикистонро дар хоричи кишвар химоят намоянд.

Чурабек Муродов ин яке аз овозхони (артистони) номдори точик, ки дар тамоми давлатхои ИДМ ва дуру наздик хуб мешиносанд ва писандаш мекунанд, мо боят ба эчодиёту хунари миллии устод, ки дар тамоми чахон шинос намуд, эхтиром намоем. Бале вакташ буд, ки ба сиёсат даст заданд, дар зиндагиашон каме шикаст хурданд. Ки хато намекунад ва шикаст намехурад дар ин зиндаги. Лекин он кас тавонистанд аз ин бухрон (кризис) хушк бароянд ва хатто тавонистан, ки яке аз фарзандхояшон (Чонибек)-ро ба мисли худашон овозхони(артисти) машхур тарбия намоянд. Хуби он кас ганда лекин хунару эчодиёти он касро мо бояд хурмату иззат кунем. Устод ба пеш, Шумо холи чавон хастед, эчод намоед, эчод ва боз хам эчод намоед.

ва
fdsfdsfsf,

Хурматаш мекуни, кардан гир. Моро даъват накун. Мо уро харгиз хурмат намекунем на хамчун хофиз, на хамчун инсон.

ИЗ за таких как Джурабек Муродов нас таджиков узнают с хорошей стороны.СПАСИБО УСТОД! Долгих лет жизни ВАМ.

Худуш ба фикрам мухлиси БАХА 84,
Ура дар дигар галактика меписанданд.
Агар Хурматаш куни, кардан гир. Мара даъват накун.

Мусикашинос
Чои Чурабеки азиз на сафири,балки Филармонияи давлатии Точикистон аст.Бояд тарона хонад.Махсусан бо лахни порсии ирони ва лахни дарии афгонистони бо мусикахои шабехи Ахмад Зохир ва Найнавозу Гугуш,зеро ончо махбубияти камтареро сохиб аст.

Устод Чурабек яке хофизони дурандеш дар хаминчохам у кас ба Испания бо хамсараш сафар кардан, ки то ки ба яке аз сардорони оилаи хофизони машхури дунё Хулио Иглесиас фархангу санъати миллати точикро шинос намояд. Шояд ин хофизи номи Хулио Иглесиас дар бораи точикон ва давлати точикон ягон маълумот надошт, акнун бошад пас аз сафари устод у ва хам писараш Энрики шояд ба Точикистон чоно чони мо мехмон шаванд.
Саломат бошед устод ва рахмат ба Шумо барои кори некатон.

шер,аз Дангара....
fds-ту санъата ай кучо мефахми,бо калаи холияд, дар хакикат Чурабек М.бехтарин хофиз буд ва мемонад..

Бехтарин хофиз Чурабек М..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)