Бахшҳо

Чаро муфтии Тоҷикистон аз дуо дар ҳаққи фаластиниҳо худдорӣ мекунад?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Муфтии Тоҷикистон аз дуои мустақим дар ҳаққи мусалмонони Фаластин худдорӣ мекунад. Ин “эҳтиёткорӣ” ба чӣ хотир аст? Барои “бад накардани муносибат” бо Исроилу Амрико?

Навори Ғазза ғарқи хун аст. Як моҳ мешавад артиши Исроил сарзамини ишғолиро тирборону бомбборон мекунад. Ҳоло оташбаси 72-соата идома дорад. Мардуми Ғазза дар ин муддат бояд ҷанозаҳои хешону пайвандон ва ҳамсояҳои худро ба хок супоранд.

Баъди як моҳи даргирӣ оташбаси 72-соата эълон шуд. Бино ба хабарҳо Исроил нерӯҳояшро аз Ғазза берун бурдааст, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки дубора ва бо нерӯи бештар ба он ҳамла намекунад. Исроил ин таҷрибаро дорад. 1 август ҳам баъди чанд дақиқаи эълони оташбаси 72-соата, чор фаластинӣ аз тири тонки Исроил ҷон дода, 15 каси дигар захм бардошт.

Расонаҳо аз комилан хароб шудани 5 241 манзили истиқоматӣ дар навори Ғаза хабар медиҳанд. 25 масҷид ва 26 мактаб ҳам пурра вайрон шудааст. 30 050 бинои маскунии дигар қисман тахриб гардидааст. Артиши Исроил ҳатто ба мактабҳо ҳамла мекунад ва ба таълимгоҳу табобатхонаҳо мушак меандозад. Чанд рӯз пеш, мактабе дар назди оҷонси кӯмак ба гурезаҳои фаластинии Созмони миллали муттаҳид (СММ) дар Рафоҳ мавриди мушакандозӣ қарор гирифт, ки дасти кам даҳ сокини осоиштаро кушт. Ин ҳодиса ҳатто Пан Ги Мун, дабири кулли СММ-ро нороҳат сохт. Ӯ ҳамлаи мазкурро ҷиноят номида, онро нақзи ҳуқуқи башар гуфт. Ба қавли Пан Ги Мун ҷойҳое ки барои сокинони осоишта ҳамчун паноҳгоҳанд, бояд минтақаи амн бошанд, на маҳалли амалиётҳои низомӣ. Пан Ги Мун гуфт, ба артиши Исроил чандин маротиба дар куҷо воқеъ будани чунин ҷойҳоро нишон додаанд. Дабири кулли СММ ба таҳқиқи ҳарчи зудтари ҳодисаи мазкур даъват карда, хостори ҷазо додани гунаҳкорон шуд.

Ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза, ки дар пайи он сокинони осоишта бештар қурбон мешаванд, хашму ғазаби миллионҳо нафарро дар сайёраи замин ба бор овард. Дар бузургтарин шаҳрҳо намоишҳову гирдиҳамоиҳои эътирозӣ сурат гирифт. Бо нишони эътироз алайҳи куштори сокинони осоишта дар навори Ғаза бархе кишварҳо хостори таҳримҳои маҳсулоти тавлиди Исроил шуданд. Вазири иқтисоди Туркия ба бойкот намудани ширкатҳои исроилӣ, ки амалиётҳои низомиро дар Ғаза пуштибонӣ мекунанд, даъват кард. Аммо гуруҳе гуфтанд, ки бояд маҳсулоти Амрико ҳам таҳрим шавад. Ба гуфтаи онҳо ИМА аз ҳамлаи Исроил ба Ғаза пуштибонӣ мекунад. Тавре расонаҳо менависанд, ҳазорон қаҳвахона, тарабхона ва меҳмонхонаи шаҳри Мумбай, пойтахти иқтисодии Ҳиндустон ба мизоҷони худ фурухтани нушокиҳои Pepsi ва Coca-Colaро манъ кардаанд.

Дар саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам рамз ва рӯйхати маҳсулоти тавлидии Исроил нашр шуда, аз корбарон даъват шуд, аз харидории он даст бикашанд. Дар ин як моҳи даргириҳо кишварҳои зиёде амали Исроилро маҳкум карданд, ки чеҳраҳои аввал ҳам истисно нестанд. Моралес Эво, раисиҷумҳури Боливия Исроилро кишвари террористӣ эълон кард. Президенти Боливия соли 2009 низ ба хотири ҳамлаи низомии Исроил ба навори Ғазза равобити дипломатӣ бо Тел-Авивро қатъ карда буд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия ва Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон ҳам амали Исроилро “терроризм” унвон карданд. Бразилияву Эквадор ва бархе аз кишварҳои Амрикои лотинӣ сафирони худ дар Тел-Авивро ба хотири ҳамлаҳои низомии Исроил ба манотиқи аҳолинишини Ғазза ба ватан хонданд.

Як рӯз қабл, Саида Варсӣ, вазири аршади давлатӣ оид ба умури хориҷии Бритониёи Кабир дар эътироз ба сиёсати кишвараш дар робита ба ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин аз симаташ истеъфо дод. Хонум Варсӣ дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардааст: “мутаассифона, истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардам, чун дигар наметавонам аз ин ба баъд сиёсати ин кишвар дар робита ба Ғаззаро ҳимоят кунам”.

Ҳукумати Тоҷикистон хомушӣ ихтиёр кардааст. Танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши як баёния ҳамлаи мусаллаҳонаи Исроил ба навори Ғаззаро маҳкум карда, онро ҷинояти зидди башарӣ унвон кард. Дар баёнияи ҳизб, ки ҳанӯз 12 июл нашр гардид, аз ҷумла гуфта мешуд, “Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроилро, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифои Фластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад, қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд”.

Масъулини ҲНИТ аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб карданд, амали Исроилро маҳкум карда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд. Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз сукути мақомоти кишвар дар баробари қазияи Фаластин интиқод карда гуфт, дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳангоми дарёфти кумак аз кишварҳои арабӣ шиори “муъмин - бародари муъмин”-ро пеш меорад, дар қазияи Фаластин гӯиё ин шиорро фаромӯш кардааст.

Маркази исломии Тоҷикистон ҳам ҳарфе нагуфт. Ҳарчанд корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Абдураҳим Холиқзод, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хоста буданд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд, аммо...

Абдулқодирзода дар намози ҷумъа ба ҳангоми дуо аз Худованд осоиштагии тамоми мусалмонҳоро хоҳиш мекунад. Бархеҳо мегӯянд, манзури ӯ қазияи Фаластин аст. Аммо ин ки мустақим дар ҳаққи мардуми мазлуми он кишвар дуо намекунад, суолҳоеро халқ кардааст. Қисме мегӯянд, бидуни иҷозаи “боло” дар ин хусус чизе намегӯяд. Бархе ҳам бар инанд, мисли он ки дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти кишвар барои “бад нашудани муносибат” бо шарики стратегӣ-Русия дар қазияи муҳоҷирони меҳнатӣ хомуширо авло медонад, инҷо низ амал кардан аз рӯи мақоли “даҳони пӯшида сад тило” ба нафъи кор аст.
Мӯҳр
А-а
Арабхо чи кор карданд, ки мо кунем!

Зоро
Муфтии точикон дурандеш аст. Албатта таги дил дуо мекунад, аммо бо овози паст, мабодо ки Артиши Исроил Фаластина монда ба Муфтии мо хучум кунад.

Бобо
Агар дар хакки фаластинихо дуо кунанд, падарони рухонияшон меранчанд!

Абдулло
Аввал ин, ки мо ба Арабу Ачам кор надорем бародар "А-а" мо ба мусалмон будани мардуми мазлуми Фаластин месузему мегум аммо чи кунем, ки ба чуз дуо аз дасти мо чизе намеояд! Дигар ин, ки ин муфти ва раиси Кумитаи дин номашон зохиран дар руйхати хидматгори мусалмононанд ва илло аз хатти кашидаи хукумат як кадам намегузоранд!!! Аллохи мехрубон мардуми Фаластинро аз зулми ин исроилихо рахо намояд. Лекин ин гуфта Кабри хеле ба маврид аст, ки " ҷониби Тоҷикистон ҳангоми дарёфти кумак аз кишварҳои арабӣ шиори “муъмин - бародари муъмин”-ро пеш меорад, дар қазияи Фаластин гӯиё ин шиорро фаромӯш кардааст.

Алишер
Дуо дар хакки Мазлумон Шерамардист! на хама Шеремард шуда метавонад!(

дуогуи Фаластин
ин маколанавис ба фикрам бо Абдулкодирзода ягон проблемаи шахси дорад вагарна кори ту чи охир ки дуо мекунад, ки не. Худат мехохи шахсан рафта дуо кун. Ба боз ту аз кучо медони, ки Абдулкодирзода дуо намекунад. Мумкин у дигарон барин барои мардуми Фаластин сузад ва дар калби худ дуо кунад барои онхо на ин ки мисли ХНИТ "показуха"-ги кунад... ин рафтори ХНИТро пиар мегуянд

Меҳриддин
Муфтии мо дар покистон дар мадрасае, ки таҳсил кардааст зери тасарруфи салафиё қарор дорад

Сино
А-а,
Шумо аз арабхо пайрави накунед мусалмон бошед

Юсуф
А-а,
инсоният ва ислом ба араб чи рабте дорад
ту роботӣ! чун на ҳис дорӣ на эҳсос
албат ба ҷои шири МОДАР кичкинтойи узбакӣ хурдаӣ!!!!!!

точик
Агар у дар хакки мусалмонони фаластин дуъо мекард, хечгох аз чониби хукумати дуняви муфтиаш намемонданд. У чуръати дуъо кардан дар хакки мусалмонони фаластинро надорад. Муфти факат барои хукуматихо муфти аст, на муфтии миллати точик. харчи ки хизби халки гуяд хамонро у фатво медихад.

Саида Варси инро бубин ки зан аст барои дифо кардан аз мардуми Фаластин аз бахри вазифааш гузашт аммо афсус ки (саидмукарам абдулкодирзода) муфтии Точикистон хатто дуо карданро дар хакки мардуми Фаластин раво надид,ки мабодо маро аз вазифаам бигиранд.

Зоро, Агар Шумо ба чои калимаи "дурандеш" калимаихои "тарсончак" ё "буздил"-ро истифода мекардед, мазмуни чумлаатон боз хам баландтар мешуд.

салом аллейкум бародарони ахли Худо ба бародарони Фаластиниву Газа ва тамоми мусалмонони ки имрузхо зери катлу хун аз тарафи малъунини яхуду бе худоён карор доранд сабри чамил тани солим ва галаба болои ин харомзодагон насиб фармояд ва бедориро ба тамоми мусалмонон насиб гардонад бародарон шумо аз касе мунтазири дуо хастед,ки дар хуби дунёву молу мулк гарк шудааст вой бар холи инон ки имрузхо конунхои дур аз шариатро рох андози мекунанд ва дар гами номуси мусалмон нестанд,иншооллох инхо хору залиланд шармандагии ин дунёву охират насибашон мегардад аз ин кас танхо тариф ва тухмату бухтон метавон ёфт сухани хак бомбаи тезтарканда мебошад.

Дар намозхои чумъа кариб ним соат сардори давлатро дуо медихи 10 сония вакт ёбу дар хакки Фаластинихохам дуо кун якончоят кам намешавад

сарбоз
муфти медонад ки фаластинихо терористанд ба онхо дуо кардан яъне пуштибони ба тероризм кардан аст фаромуш накунед хаминбоевик хойи фаластини бародарони ИРОНИро хангоми инкилоби исломи дар ИРОН катлу шиаканча карданд точикон камтар чашматонро кушода аз таъриху ходисахо хабардор шавед факат иншоолох мегуеду намедонед паси ин чи ходисахойи хунин чараен доранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)