Худоҳофизии Ауэр ва қаноатмандияш аз кор дар Тоҷикистон
Эдуард Ауэр, раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ки рӯзи 6 август ба фаъолияти худ дар кишвар хотима бахшид, бо Эмомалӣ Раҳмон худоҳофизӣ намуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Раҳмон бо Ауэр дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ суҳбат кардаанд.
Ба хабари манбаъ, Эдуард Ауэр аз замони фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштааст, ки минбаъд низ барои густариши робитаҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард. Эдуард Ауэр давоми 5 соли ахир раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |