Ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ҷони беш аз 400 кӯдакро гирифтааст
Як намояндаи Бунёди кӯдакони Созмони Милал ё ЮНИСЕФ (UNICEF) гуфтааст, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза 400 кӯдак ҷон бохта, ҳазорҳо навраси дигар дучори осеби равонӣ ва ояндаи талх шудаанд. Ба қавли Пернил Айронсайд, раиси дафтари Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар Ғазза, беҳтар кардани вазъи зиндагии ин кӯдакон бахши муҳими кори онҳо баъд аз анҷоми ҷанг мебошад.
“Чӣ гуна метавонем аз волидайн ва парасторон интизор дошта бошем, ки ба муроқибати фарзандони худ бипардозанд, дар ҳоле ки худашон бо мушкил рӯбарӯянд?”,-суол гузоштааст Айронсайд. Ин мақоми Бунёди кӯдакони Созмони Милал афзудааст, “чӣ гуна ҷомеа метавонад бо ин дасту панҷа нарм кунад? Ин як захми бениҳоят амиқ аст.”
То 4 августи соли ҷорӣ аз кушта шудани 408 кӯдаки фаластинӣ гузориш шудааст, ки аз ин ҳисоб 251 нафарашон писар ва боқимонда духтарони зери синни 12 мебошанд. Пернил Айронсайд, намояндаи Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар Ғазза мегӯяд, “мо ба даҳҳо ва садҳо миллион доллар ниёз дорем ва қатъан бояд ба ин савол ҷавоб гуфт, чӣ касе инро хоҳад пардохт? Тарафи ишғолгар, ки мӯҷиби ин ҳамлаҳо шуд? Ва ё боз ҷомеаи ҷаҳонӣ?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |