Бахшҳо
06 авг 2014 09:35Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси ҷумҳур бо амниятиҳо сӯҳбати рӯ ба рӯ мекунад?

Бар асоси иттилое, ки дастраси мо шуд, рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии кишвар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом хоҳад дод. Манбаи мо мегӯяд, дар ин мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла кори амниятиҳо дар самти пешгириву ошкор сохтани ҷиноятҳо баррасӣ мегардад.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳудуди як моҳ боз дар кумита барои ин мулоқот бо раиси ҷумҳур омодагӣ мебинанд. Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз чунин як вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои кишвар изҳори бехабарӣ кард.

Аз ин пештар, 10 июли соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Досдитонии кулли Тоҷикистон иштироку суханронӣ карда, дар баробари пешрафтҳо аз камбуди онҳо низ сухан гуфт. Оқои Раҳмон аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард ва гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.

Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд.
Мӯҳр
Кани додом
Кумитаи амнияти милли- мисли санги осиёб аст, ки аз хасу хошоки харранга- чавхаври миллатро хифз мекунад.

Сулаймон
Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ЧТ мисли Кормандони Пракратураи Чумхурии Точикистон Порахур Нестанд Бовар кунед Агар даркор шавад барои давлати Хукукбунёд Падарашро Мефурушад Пеши дари Кумита равед Аз хама мошини киматаш ВАЗ 21 о14 мебошад Ин хам бошад Автомошинаи давлати мебошад

Салима
Офарин ба Шумо Шербачахои АЛФАИ Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Чумхурии Точикистон Шумо набошед ин Давлатии Демократи Чумхурии Точикистонро ки сохиби мекарда бошад МО халки ЧТ на ба умеди Вазорати Корхои Дохилит на ба умеди Корупция Зидди Фасод Ё зидди Опозиция на ба умеди коргарони Пракратура факат ба умеди Шербачахои КДАМЧТ мебошем Худованд саратон дардро набинад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)