Академики узбак хостааст, Тошканд "Роғун"-ро бомбаборон кунад
Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад.
Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”
Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.
Ба гуфтаи Абдуллоев, Узбакистон бар ин аст, дар раванди интихоби ҳайати коршиносон ва мутахассисон барои гузарондани ташхиси Роғун, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар давоми чаҳор соли охир анҷом дода шудааст, аксари меъёрҳои байналмилалӣ нақз шудаанд: “Барои чӣ ба хотири анҷоми ин ташхис коршиносон аз Узбакистон ҷалб нашуданд, дар ҳоле ки ҳама медонанд, ин кишвар дорои мутахассисон ва донишмандону академикҳои варзида мебошаду зилзилашиносони узбак бо таҷрибаву маҳорати худ дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Барои чӣ дар рафти гузаронидани ин ташхис чеҳраҳои маъруфи амрикоӣ аз қабили Маркус Парвиҷ ва Фредерик Старр даъват нашуданд?”
Академики узбак дар идома далели аслии мухолифати кишвараш бо сохтмони Роғун, аз ҷумла баланд бардоштани садди обанбори онро то ба 300 метр шарҳ дода, гуфтааст, дар оянда Тоҷикистон метавонад, аз он ҳамчун фишанг барои ба зону шинондани ҳамсояҳояш истифода кунад: “Агар Шумо, рафиқ Каримов ба гуфтаҳои мо гӯш надиҳеду хостаҳои моро иҷро накунед, як қатра об ҳам намегиред ва мо барқро ба касе хоҳем мефрӯшем. Яъне ин маънои онро дорад, ки баҳри Арал воқеан хушк мешаваду дар ҷумҳурии автономии Қароқалпоқистон хушксолии маргбор меояд. Оё ба ин коршиносон боре савол шудааст, ки агар дар минтақаи наздик ба садди Роғун аз 9 то 10 ё 11 бал заминҷунбӣ шавад, чӣ ҳодисае рух хоҳад дод.”
Рустам Абдуллоев сухани Амир Темур “барои тило не, барои об мубориза баред!”-ро иқтибос оварда, таъкид кардааст, озодии узбакро об таъмин мекунад, агар об нест, озодӣ ҳам барои узбакон нахоҳад буд: “Таҷриба нишон додааст, ҳоло дигар ҳукумати Тоҷикистон, ки ташнаи қудрат аст, бо ҳар роҳе набошад, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро анҷом медиҳаду ба эҳтимоли зиёд дар ин бора ҳатто аз хориҷ низ кумак дарёфт хоҳад кард. Дар як мижа задан мебинем, чӣ тавр паси садди баландиаш 335 метр об захира мешавад. Аз ин рӯ, набояд вақтро беҳуда гузаронем.”
Академики узбак ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон тавсия додааст, ки дар ин гуна ҳолатҳо аз таҷрибаи Валадимир Путин, ҳамтои русаш кор гирад: “Аз ҷасорати бемисли Владимир Путин ибрат гирифтан даркор, ки дар лаҳзаи ҳассос тарс аз чораҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, накард: Ҷасорат ҳамеша дар таърих сафед мешавад!”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |