Саида Варсӣ аз мансабаш даст кашид... барои Фаластин
Саида Варсӣ, вазири аршади давлатӣ оид ба умури хориҷии Бритониёи Кабир дар эътироз ба сиёсати кишвараш дар робита ба ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин аз симаташ истеъфо додааст.
Хонум Варсӣ дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 5 август дар ин бора хабар дода, гуфтааст, истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардааст. Ин мақоми баландпояи Бритониё навиштааст, “мутаассифона, субҳи имрӯз истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардам, чун дигар наметавонам аз ин ба баъд сиёсати ин кишвар дар робита ба Ғаззаро ҳимоят кунам.”
Саида Варсӣ дар гузашта раҳбарии Ҳизби муҳофизони Бритониёро бар уҳда дошта, нахустин зани мусулмон аст, ки вориди кобинаи вазирони Бритониё баъди ба сари қудрат омадани Девид Кемерон дар ин кишвар шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |