Бахшҳо
05 авг 2014 11:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъини сардори нави Раёсати умури дохилӣ дар маркази Бадахшон

Қиёмиддин Низомиддинов сардори нави Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, таъин шуда, дар ин мақом Бахтдавлат Бахтдавлатовро иваз намудааст. Оқои Бахтдавлатов ба далели ба кори дигар гузаштанаш аз ин мақом озод гардидааст.

Фармони ба мақоми нав таъин шудани Низомиддиновро ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният Шералӣ Хайруллоев, ки дар Хоруғ қарор дорад, хондааст. Ӯ дар ҷаласае, ки бо ҳузури кормандони мақомоти умури дохилӣ дар маркази Бадахшон баргузор гардид, аз онҳо хостааст, ба халқу Ватани худ софдилона хизмат кунанд ва ҳаргиз пеши афроди ҷиноятпеша сар хам нанамоянд.

Қиёмиддин Низомиддинов, ки ҳоло ба курсии сардори Раёсати умури дохилӣ дар Хоруғ нишаст, то ин дам ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон кор мекард. Аз ин пештар, генерал Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, муваққатӣ сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъин гардид. Навҷувонов аз соли 1991 ба ин сӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад ва ӯ қаблан ҳам дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ба ҳайси сардор ва Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ фаъолият доштааст.

Файзулло Нозимов, сардори собиқи Раёсати умури дохилии Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ барканор гардид. Аз мақом дур шудани ӯ дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу Бадахшон яке аз талабҳои эътирозгарон буд.
Мӯҳр
Нигох
Баъзан хайрон мешаи, ба рафтори мардуми Кухистон. Аз шахси чохил ва криминал пуштибон мекунанд ва хатто аз пуштии онхо мераванд. Агар ягон дилхох проблема дар Махаллашон пайдо шавад, барои маслихат аз муаллим, инженер ва шахсони фарханги дида, ба афроди аввал эътимоди бисёртар доранд, ки ин куллан хато аст.

хорог
[fhlezi дар як гуранд. Мо дидем корашонро якчанд сол боз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)