Бахшҳо
05 авг 2014 09:15Тоҷикистон / Сиёсат

Писари Шабдолов: “Падарам планшет дорад, вале дар Фейсбук нест”

Анис Шабдолов, писари Шодӣ Шабдолов – раиси Ҳизби коммунист ва узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд падараш планшет дораду тавассути он хабарҳоро пайгирӣ мекунад, аммо ҳанӯз расман дар Фейсбук нест. Ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳоле гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир саҳифае бо номи Шодӣ Шабдолов боз шуда, ҳуддуи 200 дӯст дорад ва аз рӯзноманигорон хоҳиш мекунад, то дар бораи он хабаре интишор намоянд.

Анис аз суистифода шудани номи падараш дар шабакаи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳаводорони Шодӣ Шабдолов хост, ба навишта ва суолу ҷавоби саҳифаи дурӯғини падараш дар Фейсбук бовар накунанд. Ӯ гуфт, ҳоло ба далели таътил будани кори парлумон Шабдолов ҳамроҳи писари бузургаш дар Маскав қарор дорад ва зоҳиран аз чунин ранг гирифтани кор огоҳ нест.

Писари раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки аз саҳифаи Шодӣ Шабдолов бародари дигари ӯ бо номи Давлаталӣ ба хабарнигорон, аз ҷумла кормандони “Озодагон” паём менависад ва мегӯяд, “ҳоло дар Маскав ҳастем ва падарам дар паҳлӯям ҳаст” гуфт: “Давлаталӣ айни ҳол дар Пекин қарор дорад ва ӯ ба ҳеч ваҷҳ, бидуни иҷозаи падарам, ба ин кор даст намезанад. Ман бо падар ва бародари бузургам, ки феълан дар Маскав ба сар мебаранд, дар тамос шудам ва онҳо ин хабарро аз ман шуниданд”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
Сталиногорск
Хизби коммунистии Точикистон сусттарин хизби болшевики на танхо дар СНГ,балки дар чахони муосир аст.Онхо халкро ба хотири 2 чои кресло дар парлумон фурухтанд.

ххдт
тн кори ххдт аст

аъзои ХХДТ ба ХХДТ
Бародар то ин дарача палид шудан лозим нест. Мантикан фикр кун. Оё ХХДТ аз ин ки коммунист дар фейсбук фаъол мешаваду хабар пахн мекунад ягон манфиат мегирад???? Не албатта. Барои хамин фуки качатро ба харчо нахалон!!!!

Коммунист
ххдт,
Э беакл! Онхоро дар парамент худи халк интихоб мекунад, дигар кас не! Халка ки фурухтестай ба хама малумай. Ба гайри ту барин беакло.Сталиногорск,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)