Шаҳрванди Узбакистонро барои ҳамла ба пулиси рус 5 соли зиндон таҳдид мекунад
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди Узбакистон хабар додааст, ки дар ҳамла ба корманди пулис муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳраки Менделеевои ноҳияи Солнечногорск нозирони роҳ барои санҷиши ҳуҷҷатҳо автомашинаи тамғаи “УАЗ”-ро нигоҳ медоранд. “Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо ронандаи мошин, шаҳрванди 42-солаи Узбакистон ба нозири роҳ муқовимат нишон дода, талош кардааст, фирор намояд. Кормандони пулис ӯро боздошт кардаанд”,-хабар додааст дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Маскав. Гуфта мешавад, як нозири роҳ дар пайи ҳамлаи дастгиршуда ҷароҳат бардоштааст.
Барои расондани зарари ҷисмонӣ ба корманди пулис ҳангоми адои уҳдадории хидматӣ? маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |