Бахшҳо
04 авг 2014 13:23Тоҷикистон / Сиёсат

Шӯҳрат Қудратов 6 моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи тоҷикро, шаш моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард. Ин қарори додгоҳ дар робита ба садамае содир гардид, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ бо иштироки Қудратов ва Шукурова, як сокини пойтахт, иттифоқ уфтода буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли ҷорӣ бо нашри баёнияе гуфта буд, Қудратов дар пайи бархӯрдани мошинаш ба ҷои ҷуброни зарар муносибати дағалона карда, “аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”. “Шӯҳрат Қудратов рӯзи 27 феврал ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180” дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи “КИА”, ки ба Шукурова Н.М. ва “Опел”, ки ба Холматов Б. тааллуқ доранд, бархӯрдааст ва зарари молии соҳибмулконро ҷуброн накарда, онҳоро таҳқир намудааст. Ӯ бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашинаашро пинҳонӣ ба таъмир додааст”,-гуфта шудааст дар баёния.

Аммо Шӯҳрат Қудратов он замон дар суҳбат бо "Озодагон" иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ғаразомез хонда, гуфта буд, “воқеан ҳам рӯзи 27 феврал бо иштироки ӯ садамаи нақлиётӣ бо ду мошини дигар- “Опел” ва автомашинаи “КИА” рух додааст ва дар бархӯрд бо “Опел” худро гунаҳкор меҳисобад”. Қудратов афзуд, ҷуброни зарари расонидаашро ба “Опел” ба дӯш гирифта ва соҳиби ин автомашина низ ҳеч гуна даъво нисбаташ надошт: “Дар макони ҳодиса зиёда аз 20 дақиқа истодем. Касе аз онҳо ба БДА занг назаданд ва гуфтанд, ки даъво надоранд. Ин, ки вазорат гуфтааст, ман дағалона рафтор кардаам нодурст аст. Ягон хел рафтори дағалона он ҷо набуд”.

Аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудани Шӯҳрат Қудратов дар ҳолест, ки ӯ аз сӯи маъмурони Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба гумони пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳо боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки онро Додгоҳи Душанбе низ тасдиқ кард, дар боздоштгоҳи муваққаитӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Шухрат культурный человек и он не мог поступить грубо. Шухрат грамотный адвокат. нам таджикистанацам таких адвокатов бы побольше.

.
Хандаовар...ин мардак дар махбас чиро ронандаги мекунад? Мошини арестантскира?

Махмадулло
Эхееее саршуд мурдаи ленинро хам ба шумо бор мекунанд

Бобои Зард
Акаи Шухрат Ин Хукуматдорон ВА Коргарони мубориза бар зиди Фасод Хамааш аз хисоби мардуми бечора зиндаги мекунанд Намешавад писари Мухтарам Хукумовро яне Рустамчонро бараси кунанд

Эй аз Худо шарм дорен. баъд аз чор мох акнун аз хоб хестен.

Точикистони нав
ВКД кай рост гуфта буд?

Диагностик
Шухрат Кудратова дар хамин шабу руз на факат праваи ронандаги, балки мошинаш дар ёдаш намезанад. ОЗОДИ- бехтарин неъмат ва ноёфтани ПРАВА- барои инсон.

Шухрат Кудратов ба ту бурдбори мехохам ва амин аст дар оянда Кахрамони миллат мешави.

demokrat
))) кхм, кхм. Az hujjati ronandagi ogoz efta to xonai istikomatiw davom mekunad. Akoi Shuhrat umedvoram, ki azhakki xizmati komunali (partovu hakki farrow) karzdor nabowed chun inho xonatona "konfiskavat" nakunand bo in bahona. Ax da, mowini sabukravatonaham az sanjiwi texniki guzaroned zudtar va ekologiyavu, andozhoyatonro supored vagarna az mowinatonham mahrum mewaved.

Ismaili
Салом. В Хороге по горам вертушками высадили спецназ. О Аллах береги нас.

Ismaili
Салом. В Хороге народ следит за доступом к связи. Просим всех журналистов в случае ЧП ( не дай Аллах) быть на стороне правды - народа. Не бойтесь Аллах с вами. Дай Аллах мир всем нам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)