Шаҳрияи Аҳтамзод: “Фаластино, машав навмед зинҳор!”
Маҳкумияти ҳамлаҳои хунини нерӯҳои Исроил ба манотиқи маскунии Фаластин аз сӯи намояндагони аҳли фарҳангу адабиёти тоҷик идома дорад.
Баъзе аз шоирони тоҷик ин иқдоми Исроилро, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 1 ҳазору 400 нафар фаластинӣ гардидааст, маҳкум карда, пайравони дини мубини Исломро тавассути ашъори худ ба иттиҳод даъват кардаанд. Мушкилоти Фаластину бедодгариҳои Исроил даҳсолаҳо боз вуҷуд дошту дар адабиёти тоҷик то ҳол инъикос наёфта буд, вале ҳафтаҳои охир дар шабакаи интернет чандин шеър дар ин мавзуъ ба нашр расидааст.
Аз ин пештар, шоирони дигари тоҷик, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Озар Салимов, Аслиддини Ҳисорӣ, Рустами Аҷамӣ низ дар ҳаққи мардуми азиятдидаи Фаластин шеърҳо гуфта буданд.
Исфандиёри Назар, шоири тоҷик, дар мисраъҳое аз ашъори худ ба мусулмонони ҷаҳон хитоб кардааст, ки дигар замони муттаҳид шудан расидааст:
“Рӯ сӯйи Ғазза орем, чун мавсими ҷиҳод аст!
Вақти ба ҳам расидан, айёми иттиҳод аст!
Душман-яҳуди қотил, душман - яҳуди мардуд,
Қавме, ки зикри зишташ аз осмон фитодаст.
Бар оштӣ чи хонӣ онро, ки қотили туст?
Аз дӯстӣ чи ронӣ ҳарфе, ки рӯйи бод аст?
Аз интиқом бояд гуфтан ҳамора инҷо,
Аз инқилоб бояд гуфтан, ки бар мурод аст.
Бар душмани Илоҳӣ созиш наметавон кард,
Ин ҷо бародаре нест, инҷо ҳамон Шағод аст.
Ин ғусса менагунҷад андар навори дида,
Чун дар навори Ғазза зулми адӯ зиёд аст.
Фарёди “Ё Фаластин!” бо оташи мусалсал,
Ҳам инфиҷор додан – эй халқ, иҷтиҳод аст”.
Шаҳрияи Аҳматзод, шоираи шинохта, низ аз рехтани хуни тифлакони фаластинтӣ дар пайи ҳамлаҳои хунин ва ваҳшиёнаи Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин андуҳгин шуда, аз даргоҳи Худованд марги омилони ин қазияро хостааст:
“Фаластин оташу фарёду озор,
Муҳаббатхонаи бар ғам гирифтор.
Хазонолудае андар баҳорӣ,
Зи дасти он яҳуди мардумозор.
Гулула бар сарат чун жола резад.
Ҳавопаймои он наҳси сияҳкор.
Дареғо, кӯдакони ноз-нозат.
Бимиранд андаруни сабзи гаҳвор
Тасаллои дили модар бикуштанд.
Надорад ӯ дигар ҳамроҳу ғамхор.
Ба гушам нолиши ҷони ту ояд,
Худоё, Карбало омад дигар бор?!
Шаҳидони ба хун оғӯштаи ту,
Пурармон рафтаанд аз даҳр ночор.
Зи хоки ҳасрати гулгулкафанҳо,
Бирӯяд лолаи доғи ту бисёр.
Ҳавасҳои дилат куштанд яҳудон.
Туро аз зиндагони карда безор.
Суруди "Воалам" бинвиштамат ман,
Ки аз дарду ғамат гаштам дилафгор.
Фиғону алвидоъву гиря имрӯз,
Гиребонат гирифта чун гунаҳкор.
Дуо созам, ки гирӣ хунбаҳоят,
Сари онон шавад шоистаи дор.
Фаластино, машав навмед зинҳор.
Туро бошад Худо ёру мададгор”.
Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоири тоҷик, низ дар шеъри нави худ аз бетарафии мусулмонони саросари олам дар робита ба ҳаводиси охири Фаластин ибрози таассуф карда, аз онҳо хостааст, ба ҳимояти ҳамақидаҳои худ бархезанд:
“Эй войи ин тани сард, эй войи ин тани зор,
Эй войи ин дили танг, эй войи он дилозор.
Ин ҷо ҳама шаҳид аст, ин қуфл бекалид аст,
Он ҷо ҳама рақибе бераҳму сахт хунхор.
Ин ҷо ба санги беҷон доранд ҷонфишонӣ,
Он ҷо ба сад васила ҷон мебаран ба такрор.
Аз осмони Ғазза борони тир борад,
Ҳар ҷо фитода бинӣ наъше ба зери девор.
Моро чи шуд худоё, бас бехабар нишастем,
Аммо бародари мо афтода зери рагбор.
Дигар бас аст ғафлат ёрони бемурувват,
Юсуф фитода дар чоҳ аз фитнаҳои ашрор.
Дишаб ба зеҳнам омад тасвир аз Фаластин,
То субҳ гиря кардам з-ин ҳолати асафбор.
Бӯи ғализи борут, ашку ҷанозаву хун,
Занҳои ғарқи мотам, тифлони бепарастор.
Шаҳре мисоли арвоҳ, сокиту куру гумроҳ,
Аҷсоди тика-тика, ашбоҳи ваҳм бедор
Ин сарзамини ҷовид, имрӯз ғарқи хун аст,
Як дашти лолагун аст аз куштаҳои бисёр.
Эй уммати сарафроз, бархезу чанг андоз,
То ҷои худ нишонем ин душмани табаҳкор”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |