Зане, ки худро аз ошёнаи 9 дар Русия партофт, Уғулой Юлдошева будааст
Зане, ки шоми 2 августи соли ҷорӣ худу тифлашро аз ошёнаи нуҳум дар минтақаи Звенигороди Русия ба зер партофт, Уғулой Юлдошева -- сокини 27-солаи ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон будааст. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, Юлдошева дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, фарзанди кӯчакаш зинда мондааст.
Абубакр Қудратов, кӯдаки Уғулой, 15 марти соли 2012 таваллуд шуда, бар асари афтоданаш аз ошёнаи нуҳум ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло бистарист. Сафорат гуфтааст, вазъи саломатии ин тифли тоҷикро пайгирӣ дорад ва барои сиҳҳатияш тамоми корро хоҳад кард.
Бояд гуфт, Юлдошева дар Русия ҳамроҳ бо шавҳараш -- Акмал Қудратов зиндагӣ доштааст. Бино ба хулосаи пешакӣ, гӯиё Уғулой худро дар пайи баҳси оилавӣ аз ошёнаи нуҳум ба зер партофтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |