Номгузории яке аз мактабҳои Душанбе ба исми Абдулҳақ Оев
Мактаби миёнаи рақами 97-и шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи “Авул”-и пойтахт ҷойгир аст, ба номи Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникӣ ва муовини собиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев дар умури роҳу нақлиёт гузошта шудааст. Оқои Оев дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар Варзоб иттифоқ уфтод, ҳамроҳ бо Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони Донишгоҳи техникӣ ба ҳалокат расид.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, танҳо ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд.
Абдулҳақ Оев, муовини собиқи шаҳрдори Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор гардида буд. Худи Оев гуфта буд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи истеъфояшро навишта ва мехоҳад, бештар ба илм машғул бошад. Қарори номгузории яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт ба номи Абдулҳақ Оевро вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе содир кардаанд.
Бар асоси қарорҳои дигари ин маҷлис, мактаби рақами 87 ба номи Шодон Ҳаниф ва мактаби рақами 72 ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ – адибони тоҷик номгузорӣ шудааст. Инчунин, кӯчаи “Молодая гвардия” ба номи Рустам Каримов, “Крупская” ба Ашӯр Сафар ва мактаби миёнаи рақами 35 ба номи Рустамбек Юсуфбеков иваз карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |