Ошкор шудани куштори корманди Роҳи оҳани Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти чанд моҳ аз куштори Оятулло Мирзоев, корманди 31-солаи Роҳи оҳан, ҷузъиёти ин ҷиноятро ошкор кард. Ба иттилои ВКД, дар ин куштор Саидхон Исмоилов -- сокини 49-солаи ноҳияи Рӯдакӣ айбдор мешавад, ки феълан дар боздоштгоҳ қарор доштааст.
“Боздоштшуда нисбат ба Оятулло Мирзоев хусумати шахсӣ дошта, барои дастрас кардани ӯ Муродҷон Содиқовро ба ивази 2 ҳазору 500 доллар ба ҷиноят ҷалб намудааст”,-мегӯянд масъулони Вазорати умури дохилӣ.
Онҳо иброз медоранд, Саидхон Исмоилов дар якҷоягӣ бо Муродҷон Содиқов баъд аз куштор Оятулло Мирзоевро дар назди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ партофта, ба ҷисми беҷони ӯ боз 7 тир холӣ кардааст. Тибқи иттилои манбаъ, аз манзилҳои истиқоматии Саидхон Исмоилов дар Ховалинг, Рӯдакӣ ва Душанбе дар баробари таппончае, дар куштори Оятулло истифода шудааст, инчунин, силоҳҳои дигари оташфишону тарканда дарёфт карда шудааст.
Волидони Оятулло Мирзоев мегӯянд, ӯ саробони ягонаи хонадон буд ва аз мақомот талаб доранд, алайҳи дастандаркорони марги ӯ ҷазои сангини муайяннамудаи қонунгузориро татбиқ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |