Раисиҷумҳури Никарагуа: Натаняҳу ҷинзада аст ва ба кӯмаки Поп ниёз дорад
Даниэл Ортега, раисиҷумҳури Никарагуа Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроилро “ҷинзада” хонда, даъват кардааст, ки ӯро аз ин дард наҷот диҳанд.
Ортега зимни як изҳороти худ алайҳи ҳамлаҳои неруҳои Исроил ба манотиқи маскунии навори Ғаззаи Фаластин аз попи Рум – Франсиск хостааст, ҷинҳои Натаняҳуро аз танаш дур кунад. “Ба назари ман, нахуствазири Исроил ҷинзада аст ва барои дур кардани онҳо ба кумаки Попи Рум ниёз дорад. Ӯ танҳо дар ин сурат метавонад, оромиш пайдо кунад,”- мегӯяд ӯ.
Раисиҷумҳури Никарагуа дар идома ба ҷомеаи байналмилалӣ хитоб намуда, гуфтааст, ки чаро то имрӯз кишваре алайҳи ҳукумати Исроил иқдом намегираду зидди он аз таҳрим кор намебарад?! Ба гуфтаи ӯ, фаластиниён қурбони “девонагиҳо”- и раҳбари Исроил шудаанд.
Дар давоми 23 рӯзи ҳамлаҳои низомии неруҳои Исроил ба навори Ғазза беш аз 1 ҳазору 400 нафар, ки аксари онҳо занону кудакон мебошанд, кушта шудаанд ва бар асоси гуфтаҳои коршиносон ин хунинтарин фоҷиа дар давоми 8 соли охир дар ин минтақа аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |