Бахшҳо
01 авг 2014 13:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Суҳбати Раҳмону Каплан дар бораи ТАЛКО ва Кони Мансур

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Эндрю Каплан -- мудири ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз Швейтсария ва Бритониё масъалаи навсозии ТАЛКО, корхонаи аюминиюм ва коркарди Кони Мансури Калонро баррасӣ намудааст.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ширкати Гленкоае АГ, зерсохтори Гленкор, тасмим дорад, дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад. Ин ширкат ният дорад, инчунин, ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” иштирок намояд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон корпоратсияи Гленкорро аз довталабони асосии кор дар Кони Мансур хонда, таъкид намуд, роҳбарияти он азм дорад, дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.

Манбаъ зикр мекунад, Гленкор бо КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” аз соли 2007 ҳамкорӣ дорад ва акнун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсеа бахшад.
Мӯҳр
Аз ин кону аз ин Талко гайри зарар фоида нест

Ба пеш марди бо ору номуси Ватан!! ба пеш пешвои Точикистониён!, ба хамаи сахтихо нигох накарда ба пеш! ахсан ба писари бо нангу номуси Халки точик Эмомали Рахмон!
Одам ё мард мешавад, ки амал мекунад обод мекунад кушиш мекунад, ва хаст буздилмард, гайбатгар мард, мисли ононе, ки аз дасташон хеч чиз намеояд, сипас, ноилоч дар хона дар сари компютер нишаста ба гайбаткори машгул мешаванд. Дилам аз хамин интернет хунук шуд аз дасти хамин буздилхои гайбаткор. Шояд Шумо алакай руймол дохта дар хонахоятон нишастаед,?

Корбари доими,
Фоида хаст факат бар киссаи ту нест wink

Ба "Корбари доими" Худо туро кур кунад душмани миллат. Ба хар дастовардхои миллат ту мурданивор хасад мебари.Мо аллакай медонем ту кистию чи мехохи намаки хамин сарзамин курат кунад ОМИН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)