Cокинони “Военный городок”: Масъулон, куҷоед, куҷо? (АКС+ВИДЕО)
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз саривақт холӣ нашудани партовгоҳҳо, бахусус дар фасли гармо, шадидан ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, баъди он ки қуттии партовҳо пур мешаванд, аз сӯи афроди “номаълум” дар ҷойҳои наздик ба манотиқи маскунӣ оташ зада мешаванд.
Сокинони кӯчаи “Ханжин” ё маҳаллаи маъруф ба номи “Военный городок”-и пойтахт мегӯянд, тӯли чанд рӯз аст, партовгоҳҳои онҳо дар макони худ боқӣ монда буду бегоҳи 31 июли соли ҷорӣ аз ҷониби кадом нафаре ба оташ кашида шудааст. Аҳмад Нуралиев, як сокини ин маҳалла, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сӯхтор дар ин партовгоҳҳо ҳанӯз соатҳои 17:00 ба амал омадаасту то субҳи рӯзи 1 август сокинони ин минтақа дар иҳотаи дуди ғализи партовҳо шабро рӯз кардаанд.
“Оташ задани партовҳо ҷойи худаш аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ягон масъуле чеҳраи худро намудор намекард? Дар сурате ки барои гирифтани пули “мусор” ҳатто баъзан нимаи шаб ва рӯзҳои истироҳат низ дари мардумро мекӯбанд. Куҷоянд? Аммо ин дуди барҳаво ва мусори беш аз як моҳ хобидаро касе намебинад ба ҷуз ду се БОМЖ, ки чизе меҷӯянду чанд тифле, ки аз надоштани ҷойи хуби бозӣ атрофи он даву тоз доранд…”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ин сокини пойтахт, партовгоҳи мазкур ягона маконест, ки истиқоматкунандагони 8 бинои воқеъ дар кӯчаи Ханжин ва беш аз 100 ҳавлии ин минтақа партовҳои худро ба онҷо мебаранд: “Табиист, ки барои як минтақаи бузург будани як партовгоҳ кам аст ва ба хусус сокинони биноҳои 34, 33, чанд ҳавлии дигар, ки дар 10-15 метр аз партовгоҳ воқеанд аз ҳама бештар ранҷ мебаранд ва бояд кормандони ин соҳа бояд тез-тез онро пок намоянд. Аммо тавре сокинони ин минтақа мегӯянд, инак, наздик ба як моҳ шудааст, ки боре онро пок накардаанд ва дар ин гармои шадид ва дар моҳи шарифи Рамазон мардуми дар бӯйи он шабро саҳар мекарданд.”
Аз сӯи дигар, сокинони маҳаллаи “Военный городок” мегӯянд, бетаваҷҷуҳии масъулони соҳа дар робита ба оташ гирифтани партовгоҳҳо дар ҳолест, ки бархе аз онҳо ба бинои истиқоматию гаражи мошинҳо наздик буда, эҳтимоли ба коми оташ рафтани онҳо низ вуҷуд дошт. Онҳо дар шарҳи гуфтаҳояшон аз амру фармонҳои раиси шаҳри Душанбе барои тозаву обод кардани пойтахт дар арафаи ҷашни 90-солагиаш мисол оварда, меафзоянд, “барои ободӣ ва зебоии шаҳр шиору кӯшишҳое ба чашм мерасад. Барои тоза нигоҳ доштани шаҳр бо амри шаҳрдорӣ тамоми танӯрҳоро ба хотири раҳоӣ аз дуди онҳо тахрибу аз байн бурданд, ки ҳатто харобаҳои онҳо низ дар пеши ҳар биное ҳанӯз боқӣ аст ва ба харобазор монанд. Масъулин чаппа карданду аммо аз пурра пок кардани онҳо фаромӯш карданд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |