Бахшҳо
01 авг 2014 10:59Тоҷикистон / Сиёсат

Иттиҳоми “Ҷумҳурият” алайҳи Шӯҳрат Қудратов: Аз тазоҳурот то ҷосусӣ

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо чопи матлабе Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократро, барои нақшаи ташкили “тазоҳуроти зиддидавлатӣ” ва “ҷосусӣ” муттаҳам кард. “Ҷумҳурият” дар шумораи 146-и худ навишт, гӯиё Қудратов аз афроди боэътимоди Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” низ будааст.

“Дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии соли 2013 таҳти роҳнамоии Додоҷони Атовулло нақшаи ташкил намудани тазоҳуроти зиддавлатиро дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда буд, ки ба мақсад нарасид”,-омадааст дар матлаб.

Дар идома аз Шӯҳрат Қудратов интиқод шудааст, ки пайваста, ба гуфтаи муаллиф, “парвандаҳои хиёнаткорон ва душмани миллату давлати тоҷиконро пеш мебарад. Аз ҷумла, дар парвандаи Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов, соҳибкор Зайд Саидов, инчунин, дар пешбурди парвандаҳои якчанд нафар аъзои «Ҳизбуттаҳрир» ва намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ - Ашуров Димон ва Мамадбоқиров Мамадбоқирро ба уҳда дошт. Бо мақсади ҳимоя кардани Д. Ашуров ӯ моҳи марти соли 2013 бо истифодаи хешовандони наздики гунаҳкорон кӯшиш кард, ки намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти шаҳри Хоруғро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ бархезонад. Ҳатто мардумеро ҳам, ки оромии Хоруғ ва умуман Тоҷикистонро мехостанд, таҳрик медод”.

Рустам Қурбонов, муаллифи матлаби “Ҷумҳурият”, гуфтааст, Қудратов гӯиё бо яке аз намояндагони хадамоти махсус ё ҷосусии кишвари хориҷӣ низ мулоқот доштааст. “Магар пас аз чунин мулоқот ба Қудратов бовар кардан мумкин аст?”,-суол гузоштааст ӯ ва ҷавобашро ҳам навиштааст: “Албатта, не. Натиҷаи чунин мулоқот буд, ки дари баъзе сафоратҳо барои Шуҳрат Қудратов пайваста боз асту аз ӯ пуштибони ҳуқуқи инсон метарошанд”.

Дар ин матлаби “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, гуфта шудааст, Қудратов ҳамчун намояндаи ҳизби сиёсии мухолиф бо масъулони сафоратҳои Амрикову Бритониё дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ робитаи зич дорад. “Сабаб дар чист, ки намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба касе аҳамият намедиҳанд ва танҳо бо ӯ суҳбату мулоқот мекунанд. Ҳатто барои тарки давлат кардан хоҷагонаш ёрӣ расонда буданд. Бо чӣ сабаб бошад ин нақшаи вай амалӣ нашуд. Дар нимсолаи якуми соли 2014 Қудратов кӯшиш дошт, раводиди Амрико ва ё дигар кишварҳои аврупоиро дастрас намуда ба хориҷа сафар кунад. Тасаввур кардан душвор нест, ки ӯ гумоштаи кадоме аз ин давлатҳо ва ё созмонҳо ба ҳисоб меравад”,-навиштааст муаллиф.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 10 июли соли ҷорӣ ба гумони пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи Қудратов парванда боз шуда, тафтиши қазияаш идома дорад.
Мӯҳр
Э руятон сиёх, пула аз Америка шумо гиреду Шухрат Кудратов чосус?

Лев Иванович Яшин
То ба ин дарача ифлос гаштани сухану рузномаи "бонуфуз"-и кишвар "Чумхурият"-ро нав фахмидам.Чанобон мо ба кучо равонем?

Штирлитс
Каппаат дуд кард, Кудратов!

душанбинец
Агар ҷиддӣ гӯем, дар ин навиштаҳои муаллиф ягон мантиқ нест ва буда ҳам наметавонад. Якум, агар ҷосусу ҷинояткори сиёсист барои чӣ бо ин ҷурм дастгир накарданд, ва барои чӣ як журналист инро медонистаасту мақомоти интизомӣ не?! Агар ин дӯруғ бошад пас журналист тӯҳмат намуда истодааст, ки худи ин кирдори ҳуқуқвайронкунӣ аст. Он касоне, ки Шӯҳрат Қудратов ҳимоя кардааст касе, ки набошанд, оё ҳуқуқи элементарии ҳимояи ҳуқуқиро надоранд ? Ё мо ба он марҳила расида истодаем, ки дигар муайян мекунем, ки кадом ашхос бо кадом ҷурм ҳуқуқи истифода аз адвокат доранду кадомашон не. Барои ҳамин ин гапҳои туфтаро монед, саҳифаи газетаи расмии ҳукуматиро ба минбари тӯҳмату суханҳои беасос мубаддал насозед. Ва сониян шарт нест, ки агар ягон мухолифи ҳукуматро мақомот дастгир кунанд бояд тамоми расонаҳои расмӣ бархезанду онро тақвият диҳанд. Ҷумҳуриятро зарур аст то "молодая гвардияи" худро каме тарбия намуда ба онҳо этикаи журналистиро омӯзонад. Бо чунин мақолаҳои бесалоҳияту бемантиқ онҳо нуфузи ин газетаро поин мебаранд.

Устод Сармухаррири рузномаи Чумхурият тамоман дилам аз шумо хунук шуд вакте шумо директори мо будед ТВТ насихатхои шуморо хуб кабул мекардем вале афс ус мегуянд хамин мисрахо моли шумост.
Беватан нест гарибе кунад ёди ватан
Дар ватан будаи беёди ватан беватан аст. Нав ба мо маълум шуд ким шумо беватан будани худро бо ин дасисахо ошкор кардед.

Диловар
"Чумхурият"- ин чихели газета бдаст, ки ма акум бор номаша шунидам. онро аз кучо дастрас кардан мумкин аст?

Безорам аз ин дуруг гуфтан, В-ин гавхари бефуруг суфтан. Марди набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигири марди. Чоплуси бехунар, хайфи ту.

Шухратчонро бо порагири ва е порадихи исбот карда натавонистанд акнун чосусиро часпонданд. айб нест магар. Шухрат кучову чосуси кучо.ин кадар касдгири чи даркор. таърих баъдан хамаро равшан мекунад.Додочон журналисти бакуввату босавод аст у бо дониши худ журналистикаи МГУи Русиро дар Шурави хондааст, ки он вактхо донишро бо каллаи пухта кабул мекарди. Шухрат хукукхои инсониро аз руи вичдон химоят мекард ин ба хама маълум аст, танхо тарсу инро намефахмад. Шухрат як шахси нотарсу поквичдон будааст ки чунин шахсон дар чомеаи мо ангуштшуморанд.

ali
Чумхурият симои хакикии худро бори дигар нишон дод. Рохбарият ва рузноманигорони он ба хотири лагандбардори вичдони худро фурухтаанд. Шарм ва инсоф хам даркор аст!

Рустам Курбонов номаъкул карди номарди хам як хадду канор доштагист ба худо савганд ин тухмату бухтону зулму ситам ин тарик давлатдори дер нахохад кард зеро умри зулму ситам кутох мебошад .Хама медонад ,ки мачаллахою барномахои телевизиони хамаш фарсу фаччу дуруг .Имруз аллакай никоб бардошта шудаги мебошад халк мардум аллакай кайхо фахмидагиамд айб ошбами ё мошба ..

Рут сиёх ту борин нависандаи Чумхурият бо хамун "Чумхурият"-ат тухматчии шурандоз, худат чосуси бо "Чумхурият"-татон кани хучату далелотон пешниход кунед ва исбот кунед! Зайд Саидовро хам хаминхел тухмат карда 26сол зиндонаш кардед барои да сари вазифа мондани , тарсидед, ки мардум пуштибони Зайд нашавад, агар Зайд ин хизбро фаъол мекард корхонаю чои кор ва маоши хуб ташкил мекард ва мухочират кохиш меёфт, аммо шумо (Чумхурият) намехохед шахрвандон дар Ватан бошан, чунки аз хурдану горат мемонед. 23солай аз ухдаи ташкили корхонахою таъмини маоши хубро надоред. Аз ноухдабароии шумо миллати точик хама номи гастербайтеру чуркаро гирифт. Аз ухдаш намебароед монед дигарн кунанд ва гуногунандешонро сиёх мекунед. Мехохед Шухратро мисли Зайд сиёх кунед? ноухдабаро аз гапи хак метарсед. То ин вакт ин гап набуд боз аз кучо Шухратро чосус баровардед? Чохкан зери чох меравад Иншооллох!

хакгуй
"тазахуроти давлати" -ро соли 2013 карда бошад то имруз кучо буди ЧУМХУРИЯТ!!!!! ДУРУГ хам худду анор доштагист

Шарифчон
"Чумхурият" як рузномаи бонуфуз аст, Рустам Курбонов журналисти ин рузнома нест, умуман журналист нест. Вай далел дорад, ки менависад, агар далел надораду тухмат мекунад,Шухрат Кудратов хак дорад уро барои тухмат ба суд дихад. "Чумхурият бошад, рузномаи мардум аст, хар чизе,ки мардум менависад ва бодалел асту худашро барои навиштааш дар назди конун химоя карда метавонад, ба нашр мерасонад. Рузномаро гунахгор кардан ва надониста Р.Курбоновро журналисти "чумхурият" донистан камоли нодонист.

Як гап ба шуморо бас аст, хамин чиз аст, мо ягон кадам пешрави намекунем.

Рустам Курбонов, ту аз соли 37 омади???????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)