Норозигии ҲНИТ аз тарафдорони “зуҳури имом Маҳдӣ” ва ҳукми Адолатов

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба 5 соли зиндон равона шудани Саодатшо Адолатов, раиси бахши худ дар вилояти Бадахшонро маҳкум карда, онро як амали интиқомҷӯёна ва иғвогарона аз тарафи баъзе мақомот хондааст.
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲИНТ, аз ҷумла омадааст, “бо пахши ин баёния бори дигар диққати роҳбарияти кишварро ба ин раванди номатлуб ҷалб менамояд, ки иқдоми лозимиро бияндешанд, то баъзе афрод ва ниҳодҳо Тоҷикистонро ба як кишвари дорои ҳокимияти комилан худкомаи саркӯбгар табдил надиҳанд.”
Масъулини ин ҳизб гуфтаанд, мақомот дар ҳоле Адолатовро ба барангехтани адовати динӣ, аз ҷумла таҳқири пайравони ғайри мазҳаби Ҳанафия айбдор карданд, ки ӯ дар рӯҳияи бародариву ҳамзистии байни пайравони мазҳаби Ҳанафия ва Исмоилия ба воя расидааст: “Саодатшоҳ Адолатов роҳбарии як шуъбаеро ба уҳда дорад, ки қисми зиёде аз аъзои ҲНИТ пайрави мазҳаби ғайриҳанафӣ, яъне бародарони исмоилия мебошанд.”
“Тавре маълум гашт, афроде дар ин минтақа шуруъ ба таблиғ кардаанд, ки мансуб ба мазҳабҳои анъанавӣ, мисли ҳанафӣ ва исмоилия нестанд, балки бо истифода аз арзишҳои ҳарду мазҳаб худро омодакунандагони «зуҳури имом Маҳдӣ» эълон намуда, мардуми диндорро ба гумроҳӣ кашидаанд. Аз чумла, таблиғи онҳо боиси он гаштааст, ки шуморе аз сокинони ин минтақа ба хотири "омода кардани худ ба зуҳури қарибулвуқуъи имом Маҳдӣ" аз молу мулк ва зиндагии рӯзмарраи худ даст кашидаанд, ки баъдан ин раванд онҳоро дар вазъи душвори иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ қарор додааст. Адолатов ҳамчун шаҳрванд ва сокини ин маҳал қарзи худро анҷом дода, онҳоро даъват кардааст, ки аз ин гуна таблиғоти беасос ва мухолиф ба ақидаи мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия даст бикашанд, то боиси гумроҳии худ ва дигар шаҳрвандон нашаванд. Ин амалест, ки ҳар рӯз намояндагони ташкилотҳои динии кишвар, кормандони мақомот ва дигар шаҳрвандон барои пешгирӣ аз нуфӯзи андешаҳои инҳирофӣ байни диндорон анҷом медиҳанд ва касе то ҳол онро ҷиноят надонистааст”,-омадааст, дар баёнияи ин шӯро.
Дар охири масъулини ҲНИТ аз мақомоти кишвар талаб кардаанд, дар робита ба қазияи Саодатшо Адолатов бознигарӣ карда, даст аз таъқибу фишори пайравони ин ҳизб бардоранд.
Додгоҳи ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатов -- раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ баъд аз зӯҳри 30 июл эълон ва бо вокунишҳои тунди бархе аз сокинон рӯбарӯ гардид. Аз ин пештар, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси додгоҳи Ванҷ хоста буд, Саодатшо Адолатовро, ки ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ чаҳор моҳи қабл боздошт шуда буд, барои 8 сол равонаи зиндон кунад. Ба гуфтаи пайвандони Адолатов, айбдоркунандаи давлатӣ раиси ҲНИТ дар Бадахшонро бар асоси моддаи 189 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор хондааст. Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |