Боздошти панҷ нафар бо иттиҳоми куштори посбони “Азия Тобако Трейдинг”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми куштори як сокини 55-солаи шаҳри Душанбе панҷ сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардааст.
Тавре торнамои ин ниҳод менависад, “Фаррух Норов, Давлат Буриев соли таваллудашон 1987, Субҳон Бобоҷонов соли таваллудаш 1991, Бахтовар Нуров соли таваллудаш 1995 ва Суҳроб Боев соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади ғоратгарӣ ба ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи А. Мухторови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шуда, посбони ин корхона Раҳим Исмоилов, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи кӯчаи Хуҷамбиёи болои шаҳри Душанберо бо чӯбдаст зада, аз ҳаёт маҳрум намудаанд”.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |