Ноиби Убайдуллоев гуфт, баҳси онҳо ба писари раис дахл надорад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо баргузории нишасти хабарӣ иддаои раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи ба ҳисоби 700-долларӣ пардохтани молиёт барои ҳар метри мураббаи хонаҳои сохтаи ширкати “Манзили дастрас”-ро беасос хонданд. Насрулло Хайруллоев, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси шаҳри Душанбе гуфт, ҳар метри мураббаи манзилҳои дастрас аз 300 то 600 доллар арзиш дошта, дар ин маврид, талаби Кумитаи андоз мисли тарошаи аз бом уфтодаест.
ИЗҲОРОТИ РАИСИ КУМИТАИ АНДОЗ
МАНЗИЛИ ДАСТРАС БА КӢ НАФОРИД?
Хайруллоев гуфт, ҳоло миёни ширкати “Манзили дастрас” ва Кумитаи андоз баҳси додгоҳӣ идома дорад ва додрас муайян хоҳад кард, ҳақ бо кист. “Суратҳисоби ширкатро бастанӣ буданд, хушбахтона, маҳкам накарданд. Нархгузории манзилҳои ин ширкат нисбатан арзон буда, барои ниёзмандону ҷавонон мусоид аст. Ҳоло бубинед дар баъзан ҷойҳо то 1000 доллар ва аз ин ҳам зиёд метри мураббаи хонаҳоро савдо мекунанд”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, як ҳафта пеш дар нишасти хабарии худ гуфта буд, ширкати “Манзили дастрас” тайи солҳои 2012, 2013 ва 3 моҳи 2014 ду биноро ба истифода додааст, ки масоҳати он 33 ҳазор метри мураббаъ буда, дар шаҳрдорӣ ба арзиши 36 миллион сомонӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд. “Аз рӯи ин ҳисоб агар 36 миллионро ба масоҳати бино тақсим кунем, 221 доллар сари ҳар метри мураббаъ мебарояд. Аммо аз шаҳрвандон дар маҷмуъ 69 миллион сомонӣ ҷамъ кардаанд, ки сари ҳар метри мураббаъ 425 долларӣ рост меояд. Акнун худатон қазоват кунед, 36 миллион куҷою 69 миллион куҷо?”,-гуфта буд раиси Кумитаи андоз.
Муовини шаҳрдори Душанбе дар ҷавоб ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора, ки санҷиши “Манзилҳои дастрас” баъд аз як интиқоди шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти ширкати “Элит Строй”, ки гӯиё муталлиқ ба писари раиси Кумитаи андоз мебошад, оғоз ёфт, гуфт: “Чунин нест”. “Кош, дигар ширкатҳо низ ба монанди “Элит Строй” бошанд. Ин ширкат дар назди сафорати Русия дар Душанбе 5 биноро сохта, супорид ва сохтмони дигар биноҳоро идома медиҳад”,-таъкид дошт Насрулло Хайруллоев.
Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас” аз сӯи шаҳрдории Душанбе барои таъмини сокинони пойтахт бо хонаҳои арзон таъсис ёфтааст. Ҳоло дар хиёбони Синои пойтахт бунёди 10 бинои бисёрошёна аз сӯи ин корхона идома дорад, ки интизор меравад, дар он 900 оила ҷо бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |