Барканории раисони “Саховат”-у “Деҳқон” барои поин наовардани нарх дар бозорҳо

Раҳбарони бозори “Саховат” ва “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе, ки аз ҷумлаи бузургтарин бозорҳои пойтахт дониста мешаванд, аз мақоми худ сабукдӯш гардидаанд. Ин тасмим дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки субҳи 31 июл баргузор шуд, аз сӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев гирифта шудааст.
Дар оғози моҳи шарифи Рамазон оқои Убайдуллоев дар як ҷаласаи худ хитоб ба роҳбарони бозорҳо гуфта буд, дар сурати назорат карда натавонистани нархҳо аз вазифаҳояшон барканор хоҳад кард. Ба қавли манбаи мо, ки дар ҷаласаи 31 июли шаҳрдорӣ иштирок доштааст, раҳбарони “Саховат”-у “Деҳқон” ба далели контрол карда натавонистани нархҳо дар моҳи Рамазон ва шкиоят аз болояшон барканор гардидаанд.
Ҳар сол дар арафаи Рамазон ва иди саиди Фитру Иди қурбон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои кишвар, бахусус Душанбе, якбора боло рафта, баъд аз гузаштани моҳи мубораку идҳои мусалмонӣ низ поин намешаванд. Ҳарчанд ин мавзуъ дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ гардид, аммо тоҷирон нархҳои гузоштаи худро иваз накарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |