ВКД хабари Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи Низомхонро рад кард
Масъулони Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, барои боздошти Низомхон Ҷӯраев – вакили собиқи Маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара то ҳол аз тарафи ҳамтоёни тоҷики худ муроҷиате нагирифтаанд. Дар ин бора Ҷӯрабой Абдураимов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод.
“Мо дар бораи боздошти Низомхон Ҷӯраев аз мақомоти Тоҷикистон ягон муроҷиат нагирифтаем. Ӯ дар қаламрави Қирғизистон нест. Агар муроҷиат мешуд, барвақт ӯро боздошт мекардем. Барои ҳамин, наметавонам факти дар ҳудуди Қирғизистон будани Ҷӯраевро тасдиқ кунам”,-изҳор дошт Абдураимов.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30 июл Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон эълон кард, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, гӯиё Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст. Оқои Ғоиб дар идома гуфт, ҳоло барои боздошти Ҷӯраев ба Интерпол ё пулиси байналмилалӣ муроҷиат шуда ва ӯ дар ҳоли кофтукоб мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |