Миннатдорӣ ва ваъдаи генерал ба Эмомалӣ Раҳмон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармондеҳи нерӯҳои низомии Амрико-генерал Ллойд Остин III масоили ҳамкориҳо дар бахши амнияту мудофиа ва суботи минтақаро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот изҳор дошт, ки“Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад. Ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст”.
Ба иттилои манбаъ Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон дар тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пасманзари баррасии вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ генерали амрикоӣ ваъда додааст, ки дастгирии сохторҳои марбутаи Тоҷикистонро барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон идома хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |