Вазири қирғиз: "Сокинони наздимарзӣ бояд тарс надошта бошанд" (ВИДЕО)
Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон, мегӯяд, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов масоили марзиро баррасӣ доштанд. Абдилдаев, ки дар ҳошияи ҳамоиши вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Душанбе суҳбат мекард, изҳор дошт, якдигарфаҳмии мардуми тоҷику қирғиз, ки садсолаҳо дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд, бояд нигоҳ дошта шавад ва густариш ёбад.
Ӯ гуфт, вазифаи ду давлати ҳамсоя аст, ки ба созиш оянду шароите таъмин созанд, ки сокинони наздимарзӣ дар як фазои тарс зиндагӣ накунанду барои пешрафту рушд талош кунанд.
Абдилдаев, инчунин, мавқеи кишварашро дар мавриди Украина баён карда, изҳор дошт, зарур аст, ҷонибҳои даргир амалиёти низомиро хотима диҳанду сари мизи музокирот шинанд.
ВИДЕОИ суҳбат бо Абдилдаев дар Душанбе
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |