Вазифаи нави Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони шинохтаи тоҷик
Афзалшоҳи Шодӣ, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раҳбари муассисаи Филармонияи давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев таъин шуда, дар ин мақом Сайбухорӣ Маҷидовро иваз кардааст. Дар ин бора фармони вазири фарҳанги Тоҷикистон - Шамсиддин Орумбекзода содир гардидааст.
Афзалшоҳи Шодӣ зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, 52 сол дорад. Ӯ то замони таъин шуданаш ба ин мақом роҳбари бадеии муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Ин овозхони шинохтаи тоҷик соли 1983 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистони Шӯравиро бо ихтисоси мусиқӣ ва суруд хатм карда, соли 1994 унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2008 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |