Uzmetronom: ИМА розӣ аст барои пойгоҳи нави низомӣ дар Узбакистон солона миллиард доллар бидиҳад

Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мустаққар кардани пойгоҳи нави ҳарбӣ дар шаҳри Тирмиз бо ҳукумати Узбакистон мулоқот мекунад. Бино ба иттилои Uzmetronom, Амрико омодааст, солона ба Узбакистон 1 миллиард доллар бидиҳад.
30 июл дар вазорати умури хориҷии Узбакистон мулоқоти фармондеҳи неруҳои ҳарбии ИМА генерал Ллойд Ҷеей Остин III баргузор шуд. Манбаъ бо такя ба андешаи мутахассисон навиштааст, ҳадафи аслии ин мақоми баландпояи амрикоӣ ба мувофиқа расидан бо мақомоти Узбакистон барои мустаққар кардани пойгоҳи низомӣ дар Тирмиз аст, ки онро аз Афғонистон танҳо дарёи Аму ҷудо мекунад.
“Расман шояд он ҳамчун маркази логистика фаъол шавад, зеро консепсияи қабулкардаи Узбакистон ҷой додани пойгоҳи низомии кишвари хориҷ дар қаламрави кишварро иҷоза намедиҳад. Аммо дар асл агар ҷонибҳо ба мувофиқа биёянд, ин пойгоҳи низомии комил хоҳад буд, ки ҳадафаш танҳо назорати Афғонистон набуда, ҷамъоварии иттилои ҷосусӣ аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қисман Русияву Чин мебошад”,-илова кардааст Uzmetronom.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |