Гиряи сухангӯи Созмони Милал аз кушта шудани мардуми Фаластин (ВИДЕО)
Грис Гонс, сухангӯи Оҷонсии кор ва имдоди Созмони Милал ҳангоми суҳбат бо телевизиони “Ал-Ҷазира” дар бораи куштори мардуми Фаластин аз гиря гулӯгир шудааст.
Ӯ суҳбаташро аз нақзи ҳуқуқи мардуми Фаластин ва куштори сокинони осоиштаи он, бахусус кӯдакон, оғоз карда, натавонист мусоҳибаашро ба анҷом расонад. Гонс баъд аз зикри куштори кӯдакони фаластинӣ аз ҷониби низомиёни Исроил фиғон бардошт ва ба далели гиря, ки гулӯгираш намуд, суҳбатро идома надод.
ВИДЕОИ суҳбат ва гиряи Гонс барои кӯдакони фаластинӣ
Ин мусоҳиба дар пасманзари ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба мадрасаи СММ дар Ғаза сурат гирифтааст, ки 15 кушта ва даҳҳо захмиро бар ҷой гузошт. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, ин ҳамларо маҳкум карда, онро густохона номид.
Дар маҷмуъ, амалиёти низомии Исроил алайҳи мардуми Фаластин давоми камтар аз як моҳи охир беш аз 1000 кушта, аз ҷумла занону кӯдакони фаластиниро барҷой гузоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |