Ворид шудани Исроил ба "Руйхати 3" ва давлати террористӣ эълон шудани он
Моралес Эво, раисиҷумҳури Боливия Исроилро ба хотири ҳамлаҳои хунини низомияш ба манотиқи аҳолинишини навори Ғаззаи Фаластин, ки беш аз ҳазор қурбонӣ доранд, кишвари террористӣ эълон кард.
Раисиҷумҳури Боливия гуфтааст, мақомоти Исроил бо ин амали худ тавофуқоти байналмилалиро нақз ва ҳуқуқи инсонро поймол кардааст: “Ворид шудани номи Исроил ба “Руйхати 3” ин маънои давлати террористӣ эълон шудани он аст!”
Раисиҷумҳури Боливия соли 2009 низ ба хотири ҳамлаи низомии Исроил ба навори Ғазза равобити дипломатӣ бо Тел-Авивро қатъ карда буд.
Эълон шудани Исроил ҳамчун давлати террористӣ дар ҳолест, ки Бразилияву Эквадор ва бархе аз кишварҳои Амрикои лотинӣ сафирони худ дар Тел-Авивро ба хотири ҳамлаҳои низомии Исроил ба манотиқи аҳолинишини Ғазза ба ватан хондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |