“Истиқлол” ба ғолиби Ҷоми клуб 50 ҳазор сомонӣ медиҳад

Дувумин сабқати Ҷоми клуби “Истиқлол” оид ба футболи хӯрд, ки хазинаи ҷоизааш 85 ҳазор сомонӣ аст, ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои торнамои расмии “Истиқлол” мусобиқа 9 август оғоз шуда, дар се майдони сунъии варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҷараён мегирад. Манбаъ меафзояд, дар ин сабқат дастаҳои вазорат, идора, созмону иттиҳодияҳо, муассисаҳои бонкӣ, сафоратхона ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Дастаҳо барои ширкат бояд 3 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд. Танҳо бозигарони аз 24-сола боло ҳаққи иштирокро хоҳанд дошт. Бозигарони ҳирфаӣ, ки дар лигаҳои аввал ва олӣ ваа мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунанд, ба ин сабқат роҳ дода намешаванд.
Дар қиёс ба соли сипаришуда хазинаи ҷоизавии мусобиқа 25 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, нишон ва 50 ҳазор сомонӣ қадр мешавад. Барои ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои себм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, аввалин мусобиқаи Ҷоми “Истиқлол” бо ширкати 32 даста оғоз шуд. Дар қисмати финалӣ дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:1 дастаи “Вавилон”-ро шикаст дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |