Бо сил акнун беморон ва шифоёфтаҳо ҳам мубориза мебаранд (АКС+ВИДЕО)
Абдулазизи Восеъ
Дар Душанбе нахустин ҳамоиши эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор шуд. Эътилофи мазкур беморони сил, шахсони аз ин беморӣ шифоёфта, наздикони онҳо ва ташкилотҳои зиддисилиро муттаҳид мекунад.
Мубтакирони эътилоф мегӯянд, ҳадафи онҳо таъсиси як шабакаи нерӯманд аст, ки тавонад дар самти коҳиш додани гирифторӣ ба беморони сил ва пешгирии он саҳм гузорад. Баланд бардоштани огоҳии мардум нисбат ба бемории сил аз дигар ҳадафҳои муҳими “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” арзёбӣ мешавад. Ташкилоти ҷамъиятии "Насли ҷавони Тоҷикистон" дар саргаҳи таъсиси эътилофи мазкур қарор дорад. Наимҷон Мирзораҳимов, сарвари иҷроияи ин ташкилот мегӯяд, ҳамасола наздики панҷ ҳазор нафар ба бемории сил гирифтор мешаванд, ки тақрибан 70 дар сади онҳо ашхоси қобили меҳнат ва ҷавонон ҳастанд, “ҳамин нукта моро ба таъсиси коалитсия водор кард”. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзораҳматов, “ҷиддияти вазъият ва тамоюли рушди бемории сил, махсусан шакли мутобиқгаштаи сил ва шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зиддисилӣ дар Тоҷикистон ҳамбастагии кушишҳоро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо ва ноил шудан ба дигар вазифаҳои дурнамо ва барномаҳои зидди бемории силро талаб менамояд”. Ӯ афзуд, ояндаи наздик бо созмон додани як гуруҳи корӣ стратегияи фаъолияти эътилоф барои солҳои 2015-2017 таҳия хоҳад шуд.
Дар ҳамоиши нахустин беш аз 60 нафар, бо шумули намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, беморони сил, шахсони аз сил шифоёфта ва наздикони онҳо иштирок доштанд. Саёҳат Ҳасанова, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъсиси эътилофро “як идеяи хеле муосири мубориза бо бемории сил” унвон кард. “Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва иттиҳоди “Силро бозмедорем” идеяи таъсиси эътилофи ашхоси гирифтори сил ва аҳли хонавода ва дӯстони аз ин беморӣ азиятдидаро дастгирӣ мекунанд, зеро собит шудааст, ки бидуни иштироки чунин афрод пешгирии бемории сил хеле душвор аст. Ин танҳо мушкили низоми тандурустӣ нест, ин як мушкили иҷтимоӣ мебошад ва иштироки ҷомеа барои бартараф сохтани он хеле муҳим аст”,-афзуд номбурда. Ба қавли хонуми Ҳасанова, ахиран дар Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ стратегияи нав қабул гардид: “аз соли 2006 то 2015 стратегияи манъи бемории сил буд, ки дар ин самт дастовардҳо назаррасанд. Стратегияи нав баъди соли 2015 унвон дошта, ҳадафи он то соли 2035 аз байн бурдани сил мебошад. Аз чор принсипи асосии дар ин стратегия дарҷшуда, дуюмаш ҷалб кардани ҷомеа ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошад. Аз ин рӯ таъсиси чунин эътилоф саривақтӣ аст”.
Аммо Хуршеда Муродова, директори Маркази бемориҳои сили шаҳри Душанбе мегӯяд, мебоист чунин эътилоф чанд соли қабл таъсис мешуд: “Ростӣ ман чанд сол пеш ташкил шудани чунин як шабакаро интизор доштам. Зарурат барои таъсиси он пештар ба миён омада буд, аммо ҳоло ҳам дер нашудааст, фурсат ҳаст ва умед дорам кори он муассир хоҳад буд”.
Бекназаров Муродбоқӣ, котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа дар Тоҷикистон таъсиси эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”-ро гоми устувор дар роҳи мубориза бо бемории сил унвон кард. Моҳинисо Шоҳназарова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ахтари бахт” аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, “фикр мекунам, ташкил шудани чунин шабакаҳо кори бениҳоят муфид аст, чунки бештари беморон баъди аз беморхона баромадан, табобати бе фосиларо давом додан намехоҳанд. Дар чунин шабакаҳо бо ҳамдигар вохӯрда, суҳбат мекунанд, аз таҷрибаи табобати ҳамдигар огаҳ мешаванд ва табобати бе фосиларо давом медиҳанд”.
Сафар Наимов, ҷавоне, ки дар гузашта тайи чор сол (2009-2012) аз шакли мутобиқшудаи бемрии сил табобат гирифтааст, узви фаъоли эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” мебошад. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт беморон ва онҳое ки шифо ёфтаанд дар самти фаҳмондадиҳӣ метавонанд корҳои зиёде анҷом бидиҳанд. Ӯ мегӯяд, “беморон мутахассисони дохилӣ ҳастанд, зеро силро аз дарун мебинанд ва медонанд, ки сил чӣ аст”. “Вақте собиқ беморони сил ва онҳое ки ҳоло табобат мегиранд муттаҳид мешаванд, кори ҷилавгирӣ аз бурузи бемории сил осон мешавад. Аз ҷониби дигар ин як навъ дастгирии руҳии беморон ҳам ҳаст. Вақте ман худам бемор будам ва дар конфронсу чорабиниҳо иштирок мекардам, як умеди нав барои зиндагӣ пайдо мешуд”,-афзуд Сафар Наимов.
Ба омори Созмони ҷаҳонии тандурутӣ (СҶТ) Тоҷикистон аз нигоҳи гаронии бемории сил ба яке аз кишварҳои назоратшавандаи ин беморӣ дар минтақаи аврупоии ташкилоти мазкур дохил мешавад. Тибқи маълумотҳои расмии давлатӣ тайи чор соли охир мизони паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, аммо ба гуфтаи коршиносон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ин сатҳ нокофӣ аст. Дар ҳамил ҳол, Октам Бобохоҷаев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ҳимоияи аҳолӣ аз бемории сил мегӯяд, ҳоло аз 100 бемори сил 88 нафари онҳо шифо меёбанд: “Ҳадафи мо ин аст, ки то охири соли 2014 ин рақамро ба 88,5 ва дар соли 2015 ба 90 расонем”.
Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” қасд дорад, ояндаи наздик дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, сомонаи интернетии худро боз кунад. Бо таҳияи филму роликҳо, барномаҳои радио ва телевизионӣ, ҳамчунин нашри матолиб дар матбуот зарурати табобат аз бемории силро ба марум фаҳмонад. Наимҷон Мирзораҳимов, сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон” мегӯяд, “дар навоҳие, ки бемории сил масъалаи мубрам аст меравем, бо аҳолӣ, шахсони бемор ва наздикони онҳо мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем”.
Ҳамоиши нахустини Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Созмони ҷаҳонии “Лоиҳаи ҲОУП” дар доираи лоиҳаи ЮСАИД “Тандурустии босифат” баргузор шуд. Интизор меравад, аз моҳи сентябр то декабри имсол эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”се ҳамоиши дигар баргузор кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |