Маскав боз ба Душанбе маҳсулоти нафтии бе боҷ медиҳад?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Сергей Лавров -- вазири умури хориҷии Русия рушди ҳамкориҳои Маскаву Душанбе, аз ҷумла дар масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳимоят аз марз бо Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Лавров изҳори бовар намудааст, ки тасвиби санади дигари ҳамкории дуҷониба доир ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи содиротӣ ояндаи наздик ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, то охири соли ҷорӣ барои муҳокимаи санади мазкур ва дигар масоили ҳалталаб ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардад. “Доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илму техника ҳам гуфтугӯи судманд сурат гирифт”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид мекунад, дар ин мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ), аз ҷумла доир ба расондани кумакҳои техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, низ зоҳир гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |