Бег Зуҳуров дар куҷост? Ҷавоби муовинаш дар бораи ӯ, “Одноклассники”, Ютуб ва "дурӯғ" (ВИДЕО)

Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Ютуб ва Одноклассники бо дастури онҳо баста нашудааст. Холмуродова таъкид кард, ин шабакаҳо танҳо бо сабабҳои техникӣ ё фаннӣ дар Тоҷикистон дастнорас шудаанд.
Дар мавриди иддаои ширкати интернетии “Mail.Ru Group”, ки соҳиби “Одноклассники” мебошад, Холмуродова гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархосташонро қабул кард ва Бег Зуҳуров, сардори Хадамот, бо онҳо телефонӣ суҳбат низ дошт.
ВИДЕО-и суҳбат дар бораи Ютуб ва "Одноклассники"
Масъулони Хадамоти алоқа ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди он ки кадом сабабҳои техникӣ боиси масдудияти торнамоҳо шудаанд, посух надоданд. Алибек Бегмуродов, як масъули Хадамоти алоқа, инчунин иддаои ширкатҳои интернетрасонро, ки гӯиё дар мавриди масдудияти ин ё он сомона ё шабакаи иҷтимоӣ аз Хадамот дастури шифоҳӣ ё хаттӣ мегиранд, беасос хонд: "Худашон камбуд доранду бори мо мекунанд. Агар ягон дастури хаттӣ гирифтаанд, бигзор нишон диҳанд. Ин ҳама иддаояшон беасос аст”.
Видеои суҳбати Бегмуродов дар бораи "дурӯғ"-и ширкатҳои интернетрасон
Масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани Бег Зуҳуровро дар мулоқот бо хабарнигорон ба ҷаласаи вазирони умури хориҷии СҲШ рабт доданд, ки гӯиё Зуҳуров низ ба қабули меҳмонон машғул аст. Дар маҷмуъ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон шумораи корбарони интернет бо назардошти интернети мобилӣ ба 3,8 миллион нафар расидааст.
“Аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон 48 нафарашон истифодабарандаи интернет мебошанд”,-гуфт Татяна Холмуродова. Теъдоди муштариёни алоқаи мобилиро Хадамот 11,3 миллион арзёбӣ намуд, ки аз ин 6,4 миллионаш фаъол будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |