Ҳамоиши эътирозии Каромат Шарифов барои раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон
Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мехоҳад, ба ҷонибдорӣ аз раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскав таҷаммӯи эътирозӣ баргузор кунад.
Хабаргузории “Русской службе новостей” такя ба суханони Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, навиштааст, ин ҷунбиш рӯзи 1 августи соли ҷорӣ барои дарёфти иҷоза расман ба ҳукумати Маскав муроҷиат хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар пайи дархости Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия гирифта шудааст. “Дар ҷаласаи рӯзи 22 июли Созмони иттиҳоди ҷавонони тоҷик тасмим гирифта шудааст, як гирдиҳамоӣ бо шумули беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистони муқими шаҳри Маскав ва вилоятҳои он баргузор карда шавад.”
Шарипов гуфтааст, ҳадаф аз баргузории ин гирдиҳамоӣ талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Шуҳрат Қудратов, эътироз ба масдудшавии видеопартали Ютуб ва шабакаи иҷтимоии Однокласскини ва ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони бозор ва корфармоён ба хотири истисмори бардавоми муҳоҷирон ва надодани музди меҳнати онҳо дар қаламрави Русия мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |