Хидирзода ба мардон: “Аз хидмати фоҳишаҳо истифода накунед”

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди занони танфурӯш дар Тоҷикистон 500 нафар бештар шуда, ба 1 ҳазору 777 расидааст.
Ба қавли Хидирзода, бештар шудани саффи фоҳишаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки чораҳои то ҳол андешидашуда дар ин самт бе ҳосил будаанд. Раиси Кумитаи занон аз натиҷаи суҳбат бо занони танфурӯш изҳор дошт, ки сабаби асосии даст задани онҳо ба ин кор, пеш аз ҳама, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, бекорӣ ва ғайра мебошанд.
Хидирзода, инчунин, мардонро гунаҳкор кард, ки барои густариши фоҳишагии занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ӯ бозорро мисол овард, ки “агар талабот зиёд бошад, мол низ зиёд мешавад”. Хидирзода ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз мардон даъват намуд, аз истифодаи хидмати фоҳишаҳо худдорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот миёни фоҳишаҳо 30 нафарашон ноболиғ буда, теъдоди фоҳишахонаҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 адад зиёд шудаанд.
Дар идомаи нишасти хабарии масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар гуфта шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 7 зан аз бисёрҳамсарии шавҳарҳояшон шикоят кардаанд. Махфират Хидирзода гуфт, “ҳолати дузанагии мардҳоро ошкор кардан хеле душвор аст, зеро худи занҳо сари ин масъала кам шикоят мебаранд”.
Номбурда иброз дошт, занҳо дар ҳоле ба кумита муроҷиат мекунанд, ки алакай аз шавҳари худ ҷудо шудаанд ва шавҳарашон бо ҳамсари дувум зиндагиро оғоз намудааст: “Баъдан масъалаи тақсими молу мулк ва дигар масъалаҳо ба миён гузошта мешавад”. Хидирзода иброз дошт, дар нимсолаи аввали соли равон 3 мард низ аз болои хушдоманҳои худ ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намудаанд. Раиси Кумитаи кор бо занон иброз дошт, муроҷиати мардон дар хусуси он будааст, ки хушдоманҳояшон ба зиндагии шахсии онҳо дахолат намуда, қариб боиси азҳампошии оилаҳояшон мешуд: “Вале мо хушдоманҳо ва мардонро даъват намуда, маслиҳатҳои гуногун додем, ки вайроншавии оилаҳо пешгирӣ карда шуд”.
Махфират Хидирзода мегӯяд, дар маҷмӯъ дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба кумита 59 аризаи хаттӣ, 660 муроҷитаи шифоҳӣ ворид шудааст, ки аз ин 28 нафараш ба мардон рост меояд: “Бештари муроҷиатҳо дар хусуси маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, кумаки моддӣ, хушунати оилавӣ, тақсимоти амвол, бекор кардани ақди никоҳ, норозигӣ аз ҳалномаи мақомоти судӣ, пайдо намудани ҷойҳои корӣ, дастрасӣ намудани қарзҳои имтиёзнок мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |