Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ба Тоҷикистон омад (АКС)

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, нимрӯзи 30 июл вориди Душанбе шуд. Ӯ барои иштирок дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ба Тоҷикистон омадааст.
ВИДЕОИ ИСТИҚБОЛИ ЛАВРОВ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Оқои Лавров дар ҷараёни ин сафараш бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтугӯҳои ҷудогонаву хос анҷом хоҳад дод. Русия дар баробари Чину Эрон яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир бар асоси иттилои расмӣ то 1 ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия машғули кору зиндагиянд ва солона ба Ватан ҳудуди 4 миллиард доллар пул мефиристанд.
Гузашта аз ин, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҷойгир аст, ки беш аз ҳафт ҳазор сарбозу афсар дорад. Мақомоти Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки ин пойгоҳи низомии Русия, маъруф ба двизияи 201, то 30 соли дигар дар кишвари боқӣ бимонад. Дар иваз Крмелин маблағ пардохт накарда, балки гуфтааст, барои беҳтар шудани вазъи артиши Тоҷикистон кумак ва афсаронашро бо таълим фаро хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |