Ташвиши Гавҳар Шарофзода аз бисёр шудани “хар”-у “девона” ва номҳои туркӣ
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз афзоиши истифодаи калимаҳое ба монанди “харай” ва “девонашай” миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ сарчашмаи пайдо шудану истифодаи чунин калимаҳоро тарбияи нодуруст дар хонавода донист.
Шарофзода рӯзи 30 июл дар ҳузури хабарнигорон аз волидони тоҷик даъват кард, ба шеваи гуфтори фарзандонашон аз хурдсолӣ таваҷҷуҳ кунанд. Раиси Кумитаи забон, инчунин, афзоиши номҳои туркӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонд.
“Бисёре аз тоҷирон номи фурӯшгоҳҳои худро бо забони туркӣ номгузорӣ мекунанд, ки хилофи қонун аст. Соҳибкорони мо қонунҳоро хуб намедонанд ва аксарашон сабаби туркӣ ном гузоштани мағозаашонро дар он мегӯянд, ки маҳсулоти туркӣ мефурӯшанд”,-таъкид дошт ӯ.
Гавҳар Шарофзода илова кард, барои сартосар тоҷикӣ шудани номи фурӯшгоҳ ва муассисаҳо бояд Кумитаи андоз низ саҳм бигирад: “Кумитаи андоз бояд пеш аз сабти корхона дуруст номгузорӣ шудани онро ба инобат гирад. Он вақт кор осонтар хоҳад шуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |