Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳавлии меросияш ва 29 хонаи як корманди гумрук (ВИДЕО)
Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон ҳангоми суҳбати рӯ ба рӯяш бо хабарнигорон дар бораи дороиҳояш низ ҳарф зад. Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, дар маҳаллаи “Советский 1” (Якум Советский)-и Душанбе як ҳавлӣ дорад, ки аз модараш ба мерос мондааст.
Ӯ изҳор дошт, ин ҳавлии куҳна аз соли 52-юми асри гузашта боқӣ мондааст ва вазифааш ба ӯ имкон надод, то онро таъмир намояд: “Фарзандонам он ҷо бемор шуданд. Баъдан ду хонаи солҳои 90-ум гирифтаамро фурӯхтаму як хонаи сеҳуҷрагӣ харидам, ки ҳозир ҳамроҳ бо фарзандонам дар он ҷо зиндагӣ мекунем. Як духтарам ҳамроҳи хушдоманаш зиндагӣ мекунад”. Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар идома афзуд, мошини шахсияш “Тойота Кемрӣ” мебошад.
ВИДЕОИ суҳбати Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи дороияш ва мансабдорони дигар
Абдуфаттоҳи Ғоиб дар идомаи мавзӯи дороии хонаводааш илова намуд, “ҷои пинҳон кардан нест, мо як корхонаи хусусӣ ҳам дорем. Ҳамсарам клиникаи хусусӣ дорад. Барои зиндагиямон мерасад.” Ӯ, дар маҷмуъ, дороии ҳангуфт доштани бархе аз мансабдорони давлатиро эътироф намуд: “Мо як корманди гумрукро боздошт кардем, ки 29 хонаю ҳавлӣ дошт. Дар ҳисоби бонкияш як миллион доллар ва дар хонааш 500 ҳазор доллар ёфтем.”
Дар баробари ин, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ илова намуд, наметавонанд ба далели он ки баъзеҳо қасру кӯшк доранд, онҳоро бозпурсӣ намоянд: “Қонунгузорӣ муайян накардааст, ки мо фалон шахсро даъват кунему пурсем, ки ин хонаат аз куҷост? Баъдан ман сад дар сад бовар дорам, ягонтои ин дороӣ ба номи онҳо нест. Дар ҳар сурат, мо бетараф нестем ва кор карда истодаем.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мошинҳои гаронарзишу қасрсозиҳои бархе мансабдорони давлатӣ интиқод намуд ва афзуд, ки ман медонам, “ин ҳама аз куҷост”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |