Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ва таҳдиди аз 5 то 10 сол зиндон барои Шӯҳрат Қудратов
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон, боздошти Шӯҳрат Қудратов -- яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидовро шарҳ дод. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 30 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “бар асоси иттиҳомоте, ки алайҳи Қудратов эълон шудааст, аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад”.
ВИДЕОИ суҳбати Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов, аз ҳуқуқдонҳои шинохтаи тоҷик, ки то кунун дар чандин парвандаҳои пурсарусадое, мисли Ҷӯрабек Охунов, “Азия-Плюс” ва Зайд Саидов иштирок кардааст, ҳафтаи пеш ба иттиҳоми пешниҳоди 2,5 ҳазор доллар “пора” ба яке аз додрасҳои Душанбе боздошт гардид. Раҳматилло Зоиров, ки ҳоло аз ҳуқуқи Қудратов дифоъ мекунад, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ин маблағро барои ҷуброни зарари ҷабрдида, на барои пора ба додгоҳ гирифтааст.
Аммо раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфт, “дар ҳаракати Қудратов сад фоиз таркиби ҷиноят аст ва дар озодӣ буда наметавонад. Вай метавонад, ба ҳар восита ба шоҳидҳо таъсир расонад. Сабт аст, ки ман худам шахсан онро гӯш кардам. Дар як ҳолат як ҳазор дар як ҳолати дигар 1,5 ҳазор доллар мегирад. Он одаме, ки пора медиҳад, ҳамчун шоҳид аст, аммо мехоҳанд, ӯро ҳамчун айбдоркунанда дар парванда гунаҳкор кунанд. Он одам мегӯяд, охир ман шоҳидам, барои чӣ маблағ диҳам? Аммо ӯ мегӯяд, ки не туро ҳабс мекунанд. Қудратов мегӯяд, ман бо судя худам гапзанон кардам, бо прокурор худат ҳал кун.”
Абдуфаттоҳи Ғоиб илова кард, баъд аз як моҳ сабтҳои Шӯҳрат Қудратовро нашр хоҳад кард: “Шояд Шумо фикр кунед, ки нисбат ба ин шахс хусумат дорам. Аммо дар даст санад дорам. Ин суратҳои садама бо иштироки Шуҳрат Қудратов аст. Ӯ ба иштирокчии дигари садама мегӯяд, ман одами баобрӯ ҳастам, арз накунед, зарарро пардохт мекунам. Аммо баъдан каттагӣ мекунаду маблағро намедиҳад. Он зан дар ин садама 3 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ки то ҳол Шӯҳрат Қудратов онро пардохт накардааст.”
Инчунин, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро зикр кард, ки Қудратовро муваззаф кард, барои таҳқири Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и парвандаи таҷовуз ба номуси Зайд Саидов 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад: “Сабти овози Қудратов аст, ки он духтарро таҳқир мекунад. Ташхис нишон дод, ки ин овози Қудратов аст. Чӣ даркор аст чунин таҳқирҳо? Кӣ гунаҳкор аст? Боз гапҳо ҳастанд, ки ӯро мақомот таъқиб мекунанд.”
Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз фаъолияти бархе адвокатҳо интиқод намуд, ки ба ҳайси миёнарав зимни додани пора баромад мекунанд: “Вазифаи адвокат аз ин гирифта ба вай додан нест. Вазифааш расондани ёрии ҳуқуқӣ аст. Тибқи қонуни нави мо дар бораи адвокатҳо шахсони дорои доғи судӣ ҳақ надорад, адвокат шавад.”
Ӯ илова намуд, соли гузашта 17 ҳолат ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 ҳолати фасодкории вакилони мудофеъ ё адвокатҳо ошкор шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |