ВКД мегӯяд, яхдон сабаби сӯхтор дар маркази савдои “Шаҳбоз” шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби сӯхтори 22 июл дар маркази савдои “Шаҳбоз”-и шаҳри Кӯлоб яхдон будааст. Торнамои ин ниҳод менависад, “баъди азназаргузаронии маҳалли ҳодиса, омӯзиши ҳолатҳои воқеа ва дигар корҳои ташхисию таҳқиқӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи оташнишонӣ муайян карда шуд, ки сабаби сар задани сӯхтор ин вайрон намудани талаботи Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдони дохили мағозаи фурӯши маҳсулотҳои хӯрокаи маркази савдои “Шаҳбоз”, ки роҳбараш Ризоев Рашид Разоқович мебошад ва аз беназорат гузоштани яхдони барқӣ ҳангоми ба қувваи барқ пайваст будан, ки дар натиҷаи аз меъёр барзиёд истифода намудани он минтақаҳои васлии он корношоям гардида, ба расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ оварда расонидааст, дониста мешавад”.
Аз ин пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки борҳо барои пешгирӣ аз чунин вазъ ба раҳбарияти маркази савдо “маслиҳат”-ҳо дода будаанд. Бар асоси иттилоияе, ки вазорат нашр кард, нисбат ба Рашид Ризоев, раҳбари маркази тиҷории “Шаҳбоз”, моҳи январи соли ҷорӣ “барои вайрон ва иҷро накардани чорабиниҳои бехатарии зидди сӯхтор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст”.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои хомӯш намудани сӯхтори нимашаби 22 июл дар маркази савдои “Шаҳбоз” 18 мошини оташнишонӣ, 2 мотопомпаҳои қисмҳои оташнишонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва 4 мошинҳои обкаши шаҳри Кӯлоб сафарбар шудаанд. Ба иттилои манбаъ, масоҳати умумии сӯхтор 965 метри мураббаъ будааст, ки беш аз 90 нуқтаи савдоро фаро мегирад.
Давоми 7 моҳи охир ин бори дуюм аст, дар ин бозор сухтор ба амал меояд. Ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ низ қисми зиёди ин бозори шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд. Он замон ҳукумати шаҳри Кулоб сабаби ба амал омадани сухторро расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш арзёбӣ карда буд. Дар пайи сухтори моҳи январи соли ҷорӣ 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида, ба 668 соҳибкори бозори “Саховат” дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ зарар расондааст. Баъди ду моҳи пас аз сӯхтор бо харҷи 3 миллион маблағи “Тоҷикматлубот” таъмиру навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |