Қасди худкушии Отабеки 35-сола баъди куштори модар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бегоҳи 27-уми июл сокини 35-солаи ноҳияи Турсунзода баъди куштори модараш ва маҷруҳ намудани холааш қасди худкушӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Давронов Отабек дар пайи як ҷанҷоли оилавӣ ба дили модари 58-солааш, Давронова Ҳанифа зарба зада, ба ҳалокат расондааст. Манбаъ мегӯяд, холаи 59-солаи Отабек ва хоҳари Ҳанифаи марҳум, ки дар меҳмонияшон будааст, талош намудааст, онҳоро аз ҳам ҷудо кунад: “Аммо Давронов Отабек ӯро низ маҷруҳ карда, дар охир бо корд ба шикамаш задааст. Аммо табибон ӯро наҷот додаанд ва феълан дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |